Нишасти комиссияи тафтишотӣ26-10-2015, 15:38
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Нишасти навбатии комиссияи тафтишотии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара доир ва он масоили марбут ба пардохти ҳаққи узвият ва вазъи молиро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар он раиси комиссияи тафтишотии кумитаи иҷроияи шаҳрӣ А.Хӯҷаев оид ба ҳолати вазъи молии кумитаи иҷроия, иҷрои масъулиятҳои аъзои комиссияи тафтишотӣ ва пардохти аъзоҳаққӣ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ маълумот дод. Зикр кард, ки дар маҷмӯъ кор дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин сатм роҳандозӣ карда шудааст. Танҳо ташкилотҳои ибтидоии соҳаи кишоварзӣ, ки бинобар таҷдид айни ҳол фаъолияти дуруст надоранд, бояд нисбаташон тадбирандешӣ карда шавад. Раванди қабул аз узвият идома ёфта истода бошад ҳам, бояд ба ҳайати сифатӣ дар қатори миқдорӣ диққати ҷиддӣ диҳем.
Дар назди комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Асадуллоев Б. вазифагузориҳои мушаххас сурат гирфт. Номбурда таъкид дошт, ки аз сатҳу сифати иҷрои ин вазифаҳо фаъолияти минбаъдаи ҳизбиёни Исфара маълум мешавад. Бинобар ин зарур аст, ки онҳо дар дараҷаи кофӣ ва лозимӣ ба иҷро расанд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.