Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзим – кафолати рушди арзанда

Танзим – кафолати рушди арзанда

14-09-2017, 10:52
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Танзим – кафолати рушди арзанда
Рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ситодҳои доими амалкунандаи Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони бахши ҶҶ «Созандагони Ватан» ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда шуд.
Танзим – кафолати рушди арзанда
Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ бо кормандони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии «Нурофарон» ва «Нурафшон» баргузор гардид. Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр – Қумриниссо Гулмуродзода оғоз гардида, сипас масъулон оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуданд.
Ишора гардид, ки нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ айни мудаост.
Дар интиҳо сокинони шаҳр ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ иброз дошта, зикр доштанд, ки саҳми хешро дар татбиқи муваффақонаи ин санади муҳим хоҳанд гузошт.
Танзим – кафолати рушди арзанда
Дар оҳир раисони ташкилотҳои ибтидоии «Нурофарон» ва «Нурафшон»-и шаҳри Норак барои ташрифи меҳмонон аз номи кормандони неругоҳҳои Нораку Бойғози минатдори хешро баён намуда, иброз доштанд, ки риояи қонуни мазкурро ба ҷо меоранд.


Мудири шуъбаи таблиғотӣ КИШ С.Зоиров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: