Хабарҳо17-08-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД. Чун ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи «Нури ирфон» доир мегардад. Дар пайрави аз ин ташаббуси созанда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки ба хонандагони фаъол, кӯдакони имконияташон маҳдуд якмиқдор маводи хонишро тӯҳфа намоянд. Субҳи имрӯз як гурӯҳ хонандагон аз ин армуғони ҳизбӣ баҳраи беш бурданд. Н.Сино. Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои Барқии Марказӣ»-и Шабакаҳои Барқии Марказии ШСХК «Барқитоҷик» зери мавзӯи «Истиқлоли Ватан – мояи ифтихору саодат, фархундагии миллати тоҷик» чорабини баргузор гардид. Чорабиниро сараввал Ҳабибулло Абдулҳақов – директории Марказ, аъзои ҲХДТ бо суханронии табрикоти ба муноси ба тиҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Баъдан Соҳибов Асрор раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбї дар Марказ аз рӯи мавзӯ ичорабини «Истиқлоли Ватан – мояи ифтихору саодат, фархундагии миллати тоҷик» дар наздиҳо зирин баромад кард. АШТ. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 16 август дар маҳаллаи Чуқури деҳаи Даҳана мулоқот бо занони фаъол дар мавзӯи «Либоси миллӣ — ифтихори миллат», баргузор гардид. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб М.Мадаминова дар сӯҳбат бо ин қишри пешбари ҷомеа аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз масоили либоспӯшиву шакли зоҳирии шаҳрвандони мо боиси баҳсҳои тезу тунди аҳли ҷомеа гаштааст. Либоси миллии мо ёде аз гузаштагону нишонаи фарқкунандаи фарҳанги бузурги мост. Ҳар як миллатро бо либоси миллиаш мешиносанд ва ҳар як қавм бо либоси худаш фарқ мекунад. Тақлидкории либос, аз ҷумла ба бар гирифтани либосҳои бегона, аз ҷумла пӯшидани либосҳои сиёҳ, сатру ҳиҷоб ба бар гирифтани баъзе аз занону духтарони тоҷик аз моён бонувони ҳизбӣ гузаронидани корҳои тарғиботиро далолат менамояд. Занони маҳаллӣ Назарова Ш. ва Ахмедова Г. иброз доштанд, ки баррасии масъалаи мазкур саривақтӣ аст ва моён фаъолзанони деҳаро низ дар канор намегузорад. Аз ин лиҳоз, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар байни занону духтарони деҳа корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин ҷода бо масъулияти дучанд ба роҳ монем. КОНИБОДОМ. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрӣ бо фаъолзанони ҲХДТ баргузор шуд. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии Раиси шӯрои занҳои шаҳр, аъзои раёсати КИ ҲХДТ муовини раиси шаҳр З.Ашурматзода сурат гирифт. Нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оила аъзои фаъоли ҲХДТ Адибахон Неъматова оиди Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон, инчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва вохӯриву мулоқотҳои баргузорнамудаи кормандони шуъба дар ин давра маълумот дод. Муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Хуршедахон Холматова перомуни фарҳанги либоспӯшӣ ва тарғиби либоси миллӣ суханронӣ карда, ҳамчун иштирокчии мулоқоти фаъолони ҷумҳурӣ ба муносибати 10-солагии амали Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», ки дар пойтати кишвар баргузор гардида буд, таассуроти хешро баён карда, фаъолзанони шаҳрро ба иҷрои саривақтии қонун ва риояи талаботҳои он даъват кард. Дар музокира мудири бахши САҲШ М.Сироҷиддинзода, фаъолзанҳои ҳизб К.Обидова ва С.Ваҳҳобова баромад намуда, вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ақидаҳояшонро баён доштанд. АЙНӢ. Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тибқи нақша бо ҳамроҳии бахши кор бо занони Комиҷроия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба “Рӯзи дониш” аксияи хайриявиро таҳти унвони “Роҳ ба сӯи мактаб” ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа шурӯъ аз 1-уми августи соли равон роҳандозӣ намуд. Мувофиқи рӯйхати пешниҳодгардида ба камбизоатон, ятимони кул ва нимятимони МТМУ №19 деҳаи Сангистон Бердиева Миҷгона, Ҳотамов Отабек, Раҳимов Шомил,Аҳроров Зиёваддин, Арбобов Солим ва дигарон (ҷамъ 17 нафар) ашёи хониш ва лавозимоти мактабӣ тақдим карда шуд. Аксияи хайриявӣ идома дорад. АШТ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи такомул ва ташаккули чорабиниҳо ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумла ятимон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ ва бо дастгирии аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, шахсони саховатпеша чорабинии «Роҳ ба сӯи мактаб»-ро ҳамарӯза идома дода истодааст, ки аксияи мазкур тамоми ноҳияро фарогир аст. Санаи 16.08.2017 бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳия ва шахсони саховатманд ба чор нафар фарзандони оилаҳои камбизоати маҳаллаҳои Куктеппа ва Чуқури деҳаи Даҳана ба хонандагон Абдуллоева Гулёра, Тоҷимуродова Севара, Исмоилов Оқилҷон, Ҳакимова Ҷамила сару либоси мактабӣ ва асбобу анҷоми хониш супорида шуд. Инчунин худи ҳамон рӯз дар литсейи №2-и шаҳраки Шайдон ба хонандагони эҳтиёҷманд Мухторова Муҳаббат, Сафарматова Нилуфар, Хайруллоев Амон, Фаромузи Фарух аз ҷониби шахси саховатпеша, соҳибкор Ашуров Пулодҷон ва аъзоёни Кумитаи иҷроия Ашурова Лола, Киромиддинов Акмал асбобҳои хониш ва либосҳои мактабӣ тақдим карда шуд. Волидайни мактаббачагон аз ин ғамхории Пешвои муаззами миллат баҳри ғамхории ҳамешагӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбону барҷомондагон миннатдории хешро изҳор намуданд. Боиси зикр аст, ки мардуми ноҳия аз ин иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мамнунанд. КОНИБОДОМ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии оилаҳои камбизоат, махсусан кӯдакони ятиму ниёзманд ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳри ва Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Конибодом чорабинии «Нури ирфон» ва иқдоми ҳизбӣ таҳти унвони «Роҳ ба суи мактаб» аз тарафи фаъолони ҲХДТ ва вакилони маҷлиси шаҳрӣ дастгирӣ гардида, чорабини ва иқдоми мазкур баҳри ҳавасмандии хонандагон барои таҳсили хубу аъло ба роҳ монда шудааст. Дар арафаи соли таҳсили 2017-2018 дар шаҳри Конибодом хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз оилаҳои ниёзманд аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳр ва вакилон, ҳизбиёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сару либос ва лавозимоти хониш таъмин карда мешаванд, ки баҳри хубу аъло таҳсил намудани онҳо мусоидат менамояд. Оилаҳои хонандагон аз ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ва барои чунин чорабиниву иқдомҳои самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, барои пояндагии сулҳу субот ва истиқлолияти давлативу миллӣ дасти дуо кушоданд. СПИТАМЕН. Субҳи имруз, боғи истироҳатӣ-фароғатии ба номи Аширмат Назарови ноҳияи Спитамен намуди идона дошт Садои суруди кӯдакона ҳамаро фараҳбахш намуд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_ Пешвои миллат, Раиси бохиради Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат, махсусан кӯдакони имконияташон маҳдуд, наврасону ҷавонон, таблиғи таҳсилоти зинаи сеюми таҳсил дар деҳаҳои дурдасти ноҳия, дар боғи истироҳатӣ-фароғатии ба номи Аширмат Назаров чорабинии Акисияи «Нури Ирфон» бо нақшаи кумитаи иҷроия ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар Аксияи мазкур, намояндаи МИҲД-и ноҳия Пиров П, намояндаи шӯъбаи маориф Туйчиев А, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Амонтбонк, Фарҳанг, Маркази саломатӣ №1 ва №2, Истгоҳи Спитамен, Бозори анҷомҳо, КСМ ва К, вакилони халқии ноҳия, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро корманди кумитаи иҷроия, Обидҷонова Ф ифтитоҳ бахшида, суханро ба намояндаи МИҲД дод. Дар баромади худ Пиров П барои ташкили Аксияи мазкур ва барои дастгирии оилаҳои ниёзманд, ки чун анъана ҳар сол аз тарафи кумитаи иҷроия гузаронида мешавад, миннатдории хешро баён намуд. Сипас, раиси кумитаи иҷроия Насруллоев О баромад намуда ҳамаи хонандагонро бо соли таҳсили хониши нав табрик намуда ба онҳо дар ҷодаи таҳсил бурдбориҳо тамманно намуд. Аз тарафи сарпарастон ба 30 — нафар фарзандони оилаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуд, ки аз тамоми қаламравии ноҳия ҷамъ омада буданд, либосҳои мактабӣ ва лавозимотҳои хониш аз тарафи раиси кумитаи иҷроия ва сарпарастон супорида шуд. Баъди гирифтани тӯҳфаҳо аз тарафи хонандагони мазкур шеърҳо қироат карда шуд. Ташкилоти ибтидоии «фарҳанг» ба иштирокчиён яхмос ва обҳои ташнашиканро ройгон ташкил намуданд. Дар ин лаҳза, шодии кӯдакон ҳадду канор надошт, бозиҳои Атраксионҳои боғ низ ройгон ташкил карда шуд. Баъди анҷоми чорабинӣ раиси кумитаи иҷроия Насруллоев О ва кормандони кумитаи иҷроия ду оилаи дурдасти деҳаи Андарсой, Хӯҷамов Озодбек, Раҳимов Абдуҷалилро аёдат намуданд. Зимни аёдат хонандагонро бо соли таҳсили нав табрик намуда ба онҳо либосҳои мактабӣ ва лавозимтоҳои хониш тақдим намуданд. Аксияи мазкур дар қаламравии ноҳия идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.