Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАБРИКОТИ Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАБРИКОТИ Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8-09-2017, 14:00
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
ТАБРИКОТИ Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Имрӯз мо ҷашни муқаддаси миллӣ – 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осуда ва ваҳдати комили миллїистиқбол гирифта истодаем, киба ин муносибат дар тамоми гӯшаву канори ватанамон таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.
Истиқлолият барои мо ҷавонон рӯҳияи озоди ватанпарастӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва имкони бузурге дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ато намуд.
Хушбахт аз онем, ки пайваста Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мотаваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин падида худ бозгўиистиќлолияти комили давлатист. Зеро танҳо Пешвоёни воќеан миллї метавонанд ба хотири рушди ояндаи ҷомеа, бахусус насли ояндасози худ чунин тасмим бигиранд ва танҳо кишвари озоду соҳистиќлол метавонад ин имкониятро барои ҷавонон фароҳам созад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан соли 2017 барои мо ҷавонон соли имкониятҳою муваффақиятҳо дар роҳи рушди зеҳнию ҷисмонї ва созандагиву бунёдкорӣ гардид, ки дар мо руҳияи озодихоҳиву истиќлолхоҳиро таќвият бахшид.
Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳомо ҷавонон саҳми худро дар роҳи пойдор нигоҳ доштани Истиќлолияти давлатї, пеш аз ҳама дар таҳкими дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми он, эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои олии милливу давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ медонем.
Имрӯз вобаста ба талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо ҷавононро зарур аст зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ѓаразҳои гуруҳҳои манфиатҷўро, ки мехоҳанд нерӯи созандаи ҷавононро ба муқобили манфиатҳои давлату миллат истифода баранд, ба дурустї дарк мекунем ва бо дарки баланди масъулияти ватандорї намегузорем, киволотарин ва муќаддастарин арзишҳои миллатамон газанд бинанд.
Мо ҷавонон – Созандагони Ватан ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, саҳми худро дар шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузорем.
Бо ин нияту таманниёт ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди кишварро ба санаи муќаддасу мубораки 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯем!


ШЎРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН“СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ш. Душанбе, 8 сентябри соли 2017
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: