Ҷавонони саодатмади кишвар, Созандагони Ватан!23-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Табрикоти шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони ватан» бахшида ба рӯзи ҷавонон
Ҷавонони саодатмади кишвар, Созандагони Ватан! Шуморо бо Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23 май бошукуҳу хотирмон таҷлил карда мешавад, табрику таҳният гуфта, бароятон матонату иродаи қавӣ, саломатию сарбаландӣ ва дар иҷрои корҳои наҷибу татбиқи иқдомҳои созандаатон барору комёбӣ мехоҳем. Имсол мову Шумо Рӯзи ҷавонони кишварро дар ҳоле таҷлил менамоем, ки дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбубамон воқеаҳои фараҳбахш ба вуқуъ омада, моро дар рӯ ба рӯи масъулиятҳои нави давлатсозӣ ва таҷлили сазовори ҷашнҳои миллию давлатӣ қарор медиҳанд. Ҳамаи ин аз мо ҷавонон тақозо менамояд, ки дар раванди мураккабгардидаистодаи вазъи ҷаҳони имрӯз бо назардошти манфиатҳои хоси миллӣ, барои расидан ба ҳадафи сохтмони ҷомеае, ки тавонад дар бароварда сохтани ормонҳои мо ҷавонон боз ҳам нерӯманд гардад, масъулияти бештар дошта бошем. Дар ин росто, барои дӯст доштани Ватан, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, таҳким бахшидан ба иттиҳоду якдилии сокинони кишвар, бахусус қишри ҷавони он ва муттаҳид сохтани онҳо атрофи ғояи пешниҳоднамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мо», ки вазифаи муқаддаси мо ҷавонон ба ҳисоб меравад, бояд сазовори боварию эътимоди қавӣ бошем. Бори дигар Рӯзи ҷавонони кишвар муборак бошад, ҷавонони саодатманди кишвар - Созандагони имрӯзу фардои Ватан! Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.