Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

7-09-2017, 14:51
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон
Шоми 6-уми сентябри соли 2017 бо иқдоми КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар майдони “800-солагии Маскав”-и пойтахт бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Истилқолият ва нақши он дар ҲХДТ аёти ҷавонон» чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид.

Дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишу дастовардҳои рассомону ихтироъкорони ҷавон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоии чаҳор навоҳии пойтахт ба тамошо гузошта шуд буд, ки меҳмонон бо онҳо аз наздик шинос шуданд.

Зимни чорабинӣ Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, дар бораи дастовардҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

Мавсуф, аз ҷумла дар хусуси ба истифода додани як қатор иншооти гуногуни маишиву хизматрасонӣ ва санги асос гузоштан ба биноҳои наву замонавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар шаҳру навоҳии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар масоили муҳим андеша ронд.

Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

Дар ин миён, раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода атрофи иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, нигаҳдошти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба оно, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ва нақши аъзои ҲХДТ дар пешрафти соҳаҳои гуногун ибрози назар кард.

Сипас, ҳунармандони шинохта Лола Азизова, Шаҳзоди Даврон, Саъдии Бӯризод, Зафар Абдуалимов, Соҳиб Назриев, Шаҳроми Абубакр, Шамсиддини Азиз, Беҳрўз Мирзоев бо суруду таронаҳои марғуб хотири иштирокдоронро болида намуданд.
Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

Дар охир Муроҷиатномаи КИ ҲХДТ шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» дар пойтахт ироа гардид, ки баёнгари ҷонибдории аъзои ҲХДТ аз тагйиру иловахо ба Қонуни «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: