РОҲНАМОӢ БА ПАЙРОҲАИ ИЛМ6-09-2017, 11:50
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола дар оғози соли нави хониш мутобиқ ба вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ дар тамоми гӯшаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми ҳизбиён аксияҳои гуногун доир мегарданд. Имсол низ таҳти унвони «Нури Ирфон» ва «Роҳ ба сӯи маърифат» аксия доир шуда истодааст. Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол», ки аз фаъолтарин ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳудуди шаҳр маҳсуб меёбад, тасмим гирифтааст, ки ташаббуси кумиҷроияи шаҳриро дар самти дастгирии кӯдакону камбизоат идома дода, то ба имрӯз ба зиёда аз 80 нафар толибилмони мактабҳои шаҳр асбобу анҷоми хонишро ройгон тақдим намояд. Нимаи дуюми имрӯз дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи шаҳр бо иштироки раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Илҳом Султонӣ ва муовини ташкилоти мазкур Ҳамроҳ Атаева маросими супоридани маводҳои хониш доир шуд. Раиси кумиҷроияи ибтидоӣ Илҳом Султонӣ зимни суханронии хеш аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар муддати начандони тӯлонии даврони соҳибистиқлолии кишвар 1000 мактабҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Алҳол пешорӯи давлат ва Ҳукумати кишвар баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷиҳозонидани дабистонҳо бо технологияи муосир меистад. Номбурда аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат, Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш намоянд, ки донишу малакашонро дучанд намоянд. Ҳамроҳ Атаева низ аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ хонандагонро бо Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрику таҳният гуфт. Сипас ба хонандагон дар вазъияти тантанавӣ асбобҳои хониш тақдим карда шуд. Хонандагон дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ ваъда доданд, ки фаъолона дониш меомӯзанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.