ДАР ИҶРОИ РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД20-09-2017, 09:40
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Маркази фарҳангии шаҳр мулоқоти Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Фаттоҳзода Сарфароз бо раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ширкат дошт. Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади ҳар чи бештар огоҳ шудан аз фаъолияти ҳизбӣ кумиҷроияи вилоятӣ тасмим гирифтааст, ки бевосита дар ҷойҳо бо аъзоёни фаъол сӯҳбат намояд. Чунин мулоқотҳо дар 8 кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят қаблан доир шуданд ва чорабинии имрӯза идомаи ин силсиламулоқотҳост. Фаттоҳзода Сарфароз зимни баромади пурмӯҳтавои худ фаъолияти кумиҷроияи шаҳриро ба риштаи таҳлил кашид. Аз ҷумла дар маърӯза зикр шуд, ки дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳи раванди аъзошавӣ дар шаҳри Хуҷанд дар чанд соли охир вусъати тоза пайдо карда аст. Тайи се соли охир шумораи аъзо аз 7163 нафар ба 15912 нафар расидан худ далолати гуфтаҳои болоист. Ҳамчунин дар ин давра шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ба тадриҷ афзуданд. Ҳамчунин кумиҷроия пешгоми дастуру супоришоти кумиҷроияи марказии ҳизб вобаста ба тоза кардани сафи аз аъзои тасодуфӣ буда, дар ин самт ташкили варақаи ҳаракати аъзоён қобили дастгирист. Номбурда аз ширкати фаъолонаи аъзоёни шаҳр дар ҷараёни баргузории озмуни ҷоизаҳо барои дарёфт дар риштаҳои филология, таърих, санъат ва журналистика ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ соли равон чун ташвиқотчии беҳтарин миёни кумиҷроияи шаҳру навоҳӣ дониста шуданд. Дар идомаи суханронии худ Фаттоҳзода Сарфароз аз иштироки фаъолонаи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и шаҳр васф карда, нақши онҳоро дар пешбурди мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар аёдату баргузории аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб», кӯмак барои зарардидагони сокинони деҳаи «Амондара»-и шаҳри Панҷакент масъулияти баланд нишон дод. Қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳр дар ҳамкорӣ бо вакилон давоми 9 мох зиёда аз 283 муроҷиати шаҳрвандонро ҳаллу баррасӣ намуд. Аммо ба андешаи раиси кумиҷроияи вилоятӣ ҳанӯз ҳам робитаи вакилон бо ташкилотҳои ҳизбӣ чандон чашмрас нест. Бояд онҳо аз фаъолияти ҳизб ҳамеша огоҳии бештар дошта бошанд, зеро онҳоро маҳз ҳизб ба вакилӣ пешниҳод кардааст. Дар идомаи суҳбат мавсуф аз он изҳори назар кард, ки ҳанӯз ҳам дар ҷодаи вокуниш нишон додан ба матолиби ғаразноки душманони миллат ба саҳланкорӣ роҳ медиҳем. Бояд бо мисолҳои возеҳ, дар такя ба таҳлилҳои амиқу дақиқ ҷавоби сазовор бо носипосон дод. Зеро раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, гаравидан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аз ҳар яки мо фаъолон тақозо дорад, ки дар ин самт мавқеи мустаҳкам дошта бошем. Фаттоҳзода Сарфароз дар идомаи суханронии худ аз фаъолияти муштараки кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ бобати баргузории чорабиниҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин росто аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки дар пиёда намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол бошанд. Бояд ба ҷавонон, хосса ба духтарону бонувон омӯзиши фарҳанги либоспӯширо васеъ ҷорӣ намоем. Зеро сатри аврат моли миллат ва фарҳанги мо нест ва ин омил боиси таассубу хурофотпарастии мо гардида истодааст. Кор бо муҳоҷирати меҳнатӣ бояд як ҷузъи фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ бошад. Ва дар ин самт минбаъд низ сафарҳои кориро ба минтақаҳои Русия идома дод, то аз вазъи будубоши шаҳрвандони кишвар огоҳ бошему онҳоро бо навигариҳои мамлакатамон, дастовардҳои даврони сохибистиқлолӣ хабардор созем. Ҳамроҳ Атаева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Истиқлол» дар музокира аз фаъолияти ташкилоти худ гузориш дода, қайд намуд, ки ҳоло раванди аъзошавӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ хуб ҷараён дошта, танҳо дар панҷсоли охир шумораи аъзо аз 370 ба 1850 нафар расонида шуд. Дар ин росто фаъолнокӣ ва масъулияти аъзо хеле баланд бардошта шуда, ширкати аъзоён дар ҳама чорабиниҳо равшан ба назар мерасад. Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш миннатдории ҳизбиёнро ба кумиҷроияи вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошта, онҳоро бовар кунонд, ки минбаъд низ фаъолияти кумиҷроия густариш хоҳад ёфт ва ҳар як аъзо дар иҷроияи рисолати ҳизбӣ масъулият зоҳир мекунад. Дар фарҷоми мулоқот ба чанде аз фаъолон медали ҷашнии 20- солагии ҲХДТ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ аҳли раёсат супориданд. Абдусабури Абдуваҳҳоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.