Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: МАСЪУЛИЯТ ЗИЁД МЕГАРДАД

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: МАСЪУЛИЯТ ЗИЁД МЕГАРДАД

21-04-2017, 11:29
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: МАСЪУЛИЯТ ЗИЁД МЕГАРДАД
Дар маҷлисгоҳи мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол»-и назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» семинарии омӯзишӣ доир гардид.
Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» Ҳамроҳ Атаева ширкат доштанд.
Ҳамроҳ Атаева чорабиниро оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми зиёиён дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар сухан ронд. Таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ки барномаи мукаммали яксолинаи хоҷагии халқ мебошад, бояд дастури рӯимизии ҳар як фарди худогоҳу заковатпеша бошад.
Дар идомаи суханронии худ мавсуф қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун пиёдакунандаи ҳадаф ва ормони давлат ва ҳукумат маҳсуб шуда бо барномаи панҷсолинаи тарҳрезикардаи худ барои ғанӣ гаштани маънавиёти сокинон фаъолияти хешро идома бахшида истодааст. Яке аз роҳҳои таҳким бахшидани нерӯ ва тавоноии ҳизб ин аъзогӣ ва то ба мардум расонидани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаи ҳизб маҳсуб меёбад. Азбаски кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» навтаъсис аст, бояд сафи аъзоро зиёд намуда, дар низоми ҳуҷҷатгузорӣ, танзими аъзоҳаққӣ ва мунтазам доир намудани хонишҳои сиёсӣ фаъолияти хешро таҳким бахшад.
Дар қисмати дуюми семинари омӯзишӣ Ҳамроҳ Атаева тавассути слайд фаъолияти корбариро дар мисоли ташкилоти ибтидоии «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ба аҳли ҳозирин шинос намуд.
Қайд шуд, ки минбаъд аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд комисияи доимиамалкунанда фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро мавриди санҷиш қарор медиҳад, аз ин хотир ба низом даровардани ҳуҷҷатҳо, баланд бардоштани масъулияти аъзоён бояд маҳаки кори раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бошад.
Бо ҳамин семинарии омӯзишӣ анҷом пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: