
Дар тақвияти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолии кишвар, махсусан ятимон, бепарасторон ва оилаҳои маъюб ва дигар табақаҳои ба онҳо баробар ва баҳри иҷрои супориши Муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 01.08.2017 таҳти рақами 18 ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи аксияи хайривии «Роҳ ба сӯи мактаб» эълон гардида, чорабинии хайриявӣ баргузор карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба амалї намудани ин иқдоми хайриявӣ баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳамсозии шароити муносиб ба табақаҳои ниёзманди аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба як қатор наврасон сару либос ва лавозимоти мактабї дар арафаи соли хониши 2017-2018 тақдим намуд.

Зимни чорабинї Файзуллозода Заррина – раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронї карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки ҳамеша табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолии кишвар зери ѓамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегиранд.
Ин иқдоми хайриявӣ ва накӯкорона низ дар ин замина буда, ҳамасола анҷом дода мешавад. Заррина Файзуллозода бо волидайни наврасон атрофии таълиму тарбия ва баланд бардоштани ахлоқи фарзандонашон суҳбат анҷом дода, аз падару модарони наврасон даъват кард, ки ҳангоми таълиму тарбияи фарзандонашон бо омӯзгороне, ки ба фарзандони онҳо таълим медиҳанд, ҳамеша дар робитаи зич бошанд.
Дар фарҷоми чорабинї Файзуллозода Заррина – раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамагонро ба муносибати ҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии соли хониши 2017-2018 табрику муборакбод намуд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе А. Муминов