
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудавварро дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» баргузор намуд.
Дар кори мизи мудаввар ҷавонон аз навоҳии шаҳри Душанбе, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, рузноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти муҳоҷират иштирок намуда, масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ба нақша гирифта шудааст, ки бо донишҷуёни макотиби олии дар пойтахтбудаи кишвар вохурию мулоқот доир намуда, ҳарчи бештар ҷавононро аз ҳадафҳои шуми ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, огоҳ созад.
Ҳамчунин, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рӯҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, иборат мебошад.