Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Афзоиши узвият ба ҲХДТ-ҳизби сулҳовар

Афзоиши узвият ба ҲХДТ-ҳизби сулҳовар

12-11-2015, 10:50
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Афзоиши узвият ба ҲХДТ-ҳизби сулҳоварТашкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бо мақсади пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сарқонуни кишвар дар навоҳии минтақаи Рашт мулоқоту суҳбатҳо, дарсҳои сиёсӣ ва семинарҳои омӯзиширо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони минтақа доир намуд.
Ҳамчунин вохӯрии роҳбарияти ташкилоти ҷавонони ҲХДТ бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгорй дар ноҳияи Рашт ва коллеҷи тиббии нохияи Рашт сурат гирифт.
Дар ин муассисаҳои таълимӣ, ки ба омода намудани кадрҳои соҳаи тиб ва омӯзгорӣ машғуланд, донишҷӯён на фақат аз навоҳии минтақаи Рашт, балки аз дигар шаҳру ноҳияхои ҷумҳурӣ низ ба омӯхтани илму касб машғул буда, дӯстона бо ҳам тахсил доранд.
Зимни мулоқот, ки дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Сарқонуни кишвар доир гардиданд, сухан дар атрофи бахтномаи миллат- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатарҳои ҷаҳони муосир идома ёфта, ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ ва огоҳ будан аз хатарҳои ҷаҳони муосир даъват шуданд.
Зикр шуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонию минтақавӣ аз ҷавонон масъулияти даҳчанд такозо мегардад, зеро ҷавонон ояндаи миллат буда, танҳо донишу тафаккури баланд ва зиракии сиёсии онҳо метавонад қувваи бузурги онҳоро ба манфиати миллату давлат сафарбар намояд.
Ҷавонон зимни вохӯриҳо оид ба Сарқонуни кишвар ва содиқ будан ба ватану меҳани худ ибрози андеша намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: