Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Шоми истиқлол» бахшида ба ҷашни истиклолияти давлатӣ

«Шоми истиқлол» бахшида ба ҷашни истиклолияти давлатӣ

14-08-2017, 10:58
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
«Шоми истиқлол»  бахшида ба ҷашни  истиклолияти давлатӣ
Тибқи супориши КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар нохияи Панҷ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар боғи фарҲангӣ-фароғатии ноҳияи Панҷ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шоми истиқлол» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 180 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Дар ибтидоӣ чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии ба номи М.Чориева, мудири бахши ҷавонони ноҳия Ҳакимов Ҳ. баромад намуда, қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон дар назди миллату давлати худ вазифадор ҳастанд, ки ин неъмати бебаҳои ба мо меросмондаро ҳамчун як гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳ доранд.
Баъдан як гурӯҳи ҷавонон оиди дастовардҳои даврони соҲибистиқлолӣ баромадҳои ҷолибмон намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои ҷавонон шароиту имконоти фаровоне фароҳам овардааст, то ки дар андешаҳои худ озод бошанд, вале андеша ба хотири озодӣ, ободӣ ва рушди Тоҷикистон бошад, дар гуфтугуҳояшон ҳамеша мантиқ бошанд, то манфиати милливу давлати Тоҷикистон коҳиш наёбад.
Чорабинӣ бо баромади театрикунонидаи мактаби мусиқии ноҳия ва шуъбаи фарҳанг идома ёфт.
Ҳамин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ то ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида, тибқи нақша дар он ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва шаҳрак ширкат меварзанд.

КИ ҲХДТ дарноҳияи Панҷ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: