Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ12-07-2017, 10:26
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташабусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар, бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷавонон ва нақшаи корӣ бахшида ба таҷлили ҷашнҳои бошукуҳи кишвари азизамон аз он ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳфилу чорабиниҳо таҳти унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардида истодаанд. Ҳамин гуна чорабинии фарҳангӣ дар маркази ҷамоати шаҳраки Исмоилӣ Сомонӣ бо иштироки беҳтарин сарояндаҳои ҷавон барномаи ҳунарӣ таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо» доир гардид, ки зиёда аз 1000 нафар ҷавонону сокинон ва фаъолони ҳизбии шаҳрак иштирок карда, истироҳат намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.