«ШОМИ ИСТИҚЛОЛ»9-08-2017, 14:09
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 1 августи соли 2017, №18 оид ба баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо доир ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» тибқи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак доир ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи ситодҳои доимиамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ, намояндагони бахши ҶҶ «Созандагони Ватан», «Фарҳанги сиёсӣ» доир шуда истодааст. Инчунин бахшида ба ин санаи муҳим консертҳои идона таҳти унвони «Шоми истиқлол» аз 27 июл то 4-уми сентябри соли 2017 бо аҳолии минтақаҳои манзилӣ ва Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Норак доир гардида истода аст. Ҳамвора ҳар бегоҳ аз тарафи тоҷиккино дар майдони марказии шаҳр аз соати 19 то 22 бо иштироки ҳунармандони маҳбуби ҷумҳурӣ баҳри фароғату истироҳати сокинони шаҳр концерт баргузор мегардад. Мудири шуъбаи таблиғотӣ, муовини раиси ситоди марказӣ С.Зоиров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.