Обуна идома дорад21-10-2015, 09:08
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Насруллоев О, рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Хуррамзамин, ки яке аз дурдастарин деҳоти ноҳия ба ҳисоб меравад, маҷлис доир намуд. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, аъзоёни ҲХДТ иштирок доштанд.
Дар маҷлис рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ», масъалаи зиёд намудани аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Хуррамзамин ва инчунин оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, ки доғи рӯз ба ҳисоб меравад, дида баромад шуд. Худи ҳамон рӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 20 адад нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ»обуна шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.