Обуна ба нашрияҳои ҲХДТ11-11-2015, 12:09
Хабарро хонданд: 571 нафар
Назарҳо: 0
Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ натиҷаҳои маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» ҷамъбаст гардид. Ҳизбиёни ноҳия дар давраи маъракаи обуна барои соли 2016 ба 600 нусха нашрияи «Минбари халқ» ва 500 нусха «Ҳамрози халқ» обуна шуданд.
Дар ин маърака махсусан ташкилотҳои ибтидоии «Маорифчиён», «Шифо»-и беморхонаи ноҳиявӣ, «Сино»-и Маркази саломатӣ, хоҷагии об, хоҷагии Панҷ, деҳоти «Намуна», идораи роҳсозии ноҳия, Барқ, Сарой-Камар», ҷангал ва дигарон фаъолона иштирок намуда, нақшаи обунаро дар даҳрӯзаи аввал иҷро намуданд. Ба ин хотир беҳтарин ташкилотҳои ибтидоӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.