Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

17-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…Ба идораи бонуфузе корафтода шудаму дар қабулгоҳ сарварашро интизорӣ доштам. Ҷавоне дар компутар матнеро мечид ва бо дигаре баҳс дошт. Аз баҳсашон фаҳмидам, ки ҳар ду дар таҳияи як матни оддӣ, ки аз ду ҷумла иборат аст, оҷиз монда буданд. Тоқат накардаму бо иҷозаташон паси компутер гузаштам ва дақиқае пас матн омода шуд.

Аз ҷавонҳо суол кардам, ки дар куҷо таҳсил кардаанду ба чӣ кор машғуланд. Ҳарду донишҷӯи соли охир буданду дар ин идораи бонуфуз коромӯзӣ мекарданд.

Баъдан ва собиқа низ зиёд ба чунин донишҷӯёну мутахассисон вохӯрда будам, ки дар иншои матлаби оддие азоб мекашиданд ва худро тасаллӣ медоданд, ки филолог ё омӯзгори забону адабиёт нестанд. Гӯиё забони модарӣ танҳо забони модарии филологҳо ва омӯзгорон бошад.

Яқин аст, ки пояи саводи онҳо дар мактаб суст буда, дар мактаби олӣ низ таълими забони модарӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Зимнан, мактаби олӣ ба донишҷӯилм, касб бояд биёмӯзад, на саводи навиштан барорад!

Вақте донишҷӯ, ба навъе табақаи аз нигоҳи маънавиёт пешрафтаи ҷомеа саводи навиштан надорад, аз диктанти забони модарӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегирад, оё ӯфардо мутахассиси хуб мешавад?

Ба ҷид мегӯям, намешавад!
Оё сатҳи саводи гуфтору навиштори мутахассисони оянда баланд аст? Албатта, ҳастанд донишҷӯёне, ки саводи хуб доранд, дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок менамоянд, матлаби хубу хонданӣ ҳам менависанд. Баробари ин, дар маҷмӯъ наметавон нисбати ағлаби онҳо чунин баҳо дод.

Ба ин хулоса вақте ба натиҷаи санҷиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар макотиби олии шаҳри Душанбе шинос шудам, расидам.

Моҳҳои октябр-ноябри соли гузашта Кумита иҷрои муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2014»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар гузориши Кумита аз натиҷаи санҷиш арқоми зер боиси мулоҳизаи ҷиддӣ ҷиҳати усули таълими забони давлатӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ, миёна ва олӣ аст.

Таваҷҷӯҳ намоед: ... «Натиҷаи диктанти саводнокӣ аз забони тоҷикӣ, ки аз ҷонибӣ гурӯҳи корӣ ҳангоми санҷиш аз донишҷӯён гирифта шуд, ошкор намуд, ки аксари донишҷӯён озодона аз рӯи ихтисос фикри худро бо забони давлатӣ баён карда наметавонанд, қоидаҳои имло ва меъёрҳои забони адабии тоҷикиро риоя наменамоянд, инчунин истилоҳҳои соҳаи худро ба забони тоҷикӣ хуб дарк намекунанд. Таҳлилҳо нашон доданд, ки аз 493 нафаре, ки диктанти санҷишӣ навиштанд, 373 нафар баҳои ғайриқаноатбахш, 73 нафар қаноатбахш, 35 нафар баҳои хуб ва 13 нафар баҳои аъло гирифтанд».

Оё инро сода гирифта мешавад? Бонги хатар бояд зад! Чӣ тур шуда, ки баъди даҳ сол таълими забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёна, тарбия дар муҳити хонаводагӣ, ки тоҷикист, таълими забони давлатӣ дар ҳама ихтисосҳои макотиби олӣ, 76 дар сади донишҷӯёне, ки диктанти санҷишӣ навиштанд, бахои ғайриқаноатбахш гирифтаанд? Ин баҳои танҳо донишҷӯён нест,баҳои мактабҳои миёна, баҳои волидон, баҳои усулу сифати таълим, билохира баҳои Вазорати маориф ва илм дар роҳбурди таълими забони давлатӣ аст.

Дар донишгоҳи рақами яки мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 80 дарсади ба диктанти санҷишӣ фарогирифташудагон, Донишгоҳи молия ва иқтисод, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Бахши Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИС и С», Донишгоҳи исломӣ - 100 дарсад, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ 92, Донишгоҳи тиббӣ - 85, Донишгоҳи омӯзгорӣ - 76 дарсад баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд.

Сабаби инро пеш аз ҳама дар низому усули таълими забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва миёна бояд ҷуст. Азбаски дар низоми тестӣ қабул ба макотиби олӣ гирифтани иншо ё нақли хаттӣ аз довталабон пешбинӣ нашудааст, санҷиши саводи навиштори онҳо то донишҷӯшуданашон ғайриимкон аст.

Чун нақшаи қабул ба макотиби олӣ ҳаст ва як қисмати донишҷӯён аз тариқи тиҷоратӣ таҳсил менамоянд, ҳамонҳое, ки сатҳи саводи навишторонашон хеле паст аст, низ соҳиби дипломи таҳсилоти олӣ мешаванд… ва сафи мутахассисони чаласаводро меафзоянд ва агар ба идорае ба кор пазируфта шуданд, дар таҳияи як асноди сода оҷиз мемонанд.

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати ҷумҳурӣ илоҷи беҳдошти вазъиятро дар зиёд намудани соатҳои тадриси забони давлатӣ дар макотиби олӣ ва ҳангоми қабул навиштани иншоро дидаанд. Дар Вазорати маориф ва илм бошад ба сарварони макотиби олӣ дастур додаанд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар маълумотномаи Кумитаи забон ва истилоҳот дарҷгардида чораҳои қатъӣ андешанд.

Кадом чораҳои қатъӣ, гуфта нашудааст. Шояд дар донишгоҳу донишкадаҳо барои қисмати донишҷӯён ба ҷои таълими илм, маҳорати касбӣ маҳфилҳои маҳви бесаводӣ боз кунанд ва ё онҳоеро, ки саводи навиштор надоранд, хориҷ намоянд.

Зимнан, бо як дастур ба сарварони макотиби олӣ ин мушкилоти ҷиддиро наметавон ҳал кард.

Арқоми дар маълумотномаи Кумитаи забон ва истилоҳот зикршуда, дар маҷмӯъ вазъи таълимӣ забони давлатӣ тақозо менамояд, ки бо ҷалби олимон, мутахассисон, омӯзгорон, зиёиён усулу сифати таълими забони давлатӣ дар макотиби таҳсилоти умумию миёна бознигорӣ шавад.

Меъёри асосии баҳо ба мактабу муаллим бояд сатҳи саводи хонандагон бошад. Ҳоло агар рафту аз як мактаб чанд хонандаи фаъол дар озмунҳои фаннӣ ҷои намоён гиранд, таълимгоҳ, сарвари он шоистаи таҳсину офарин мегардад, дигарон ҳатто баъди донишҷӯшудан аз диктанти санҷишӣ баҳои ғайриқаноатбахш гиранд ҳам, ҳеҷ боке нест.

Гӯё ҳама ба камсаводии қисмати хонандагони макотиб одат кардаем. Шояд ин муқоиса ҷоиз нест, агар коргоҳ маҳсулоти пастсифат истеҳсол намояду он харидор наёбад, бозорро гунаҳгор намекунанд, балки барои беҳдошти сифати маҳсулот чора меандешанд, хати ҷадиди технологӣ насб месозанд, зебо бастабандӣ менамоянд, реклама мекунанд ва боз тадбирҳои дигарро роҳандозӣ менамоянд.

Ҳамонҳое, ки аз диктанти санҷишӣ баҳои «ду» гирифтаанд ба масал ҳамон маҳсулоте ҳастанд, ки мутаасифона, дар бозори касоди мо харидор ҳам доранд.

Надоштани саводи хуби навиштор бояд барои дарёфти ҷои кори хуб, вазифаҳои муносиб, хидмати давлатӣ монеаи ҷиддӣ бошад, шароиту муҳите фароҳам бояд овард, ки ба малакаи хуби донистани забони давлатӣ, саводи хуби навиштору гуфтор эҳтиёҷ пайдо шавад, вагарна ба мисол «нимчамуллоҳо» бо дипломи таҳсилоти олӣ ба дарди ҷомеа намехуранд.

Ҳикояти зерро чун ҳусни анҷоми мулоҳизаҳои фавқ меорам. Соли 1973 падари раҳматиам, ки умре деҳқонӣ мекарданд, баъди хатми мактаби миёна маро ба пойтахт оварданд. Қадами нахустини мо боздид аз шодравон устоди Донишгоҳи миллӣ, забоншиноси варзида Алиакбар Мӯминов буд.

Падар гуфтанд, ки ба баҳои мактаб чандон бовар надоранд ва аз устод хоҳиш намуданд, ки саводи маро санҷанд, агар хуб аст, ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорем, агар не, аз белу каланд намонам.

Устод аз ман иншо гирифтанд. Баъди санҷиш маслиҳат доданд, ки бахтамро дар риштаи рӯзноманигорӣ санҷам. Санҷидам ва омад ҳам кард.

Ҳоло фикр мекунам, ки донистани забони модарӣ (давлатӣ) барои соҳибони ҳама пешаҳо фарз аст.

Агар фарз бишканад намоз фосид мешавад.
Т. Солеҳзода, ш. Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: