Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳаҷ нарафту маҳалларо соҳиби барқ кард

Ҳаҷ нарафту маҳалларо соҳиби барқ кард

10-08-2017, 11:15
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаҷ нарафту маҳалларо соҳиби барқ кард
Асосан корҳои хайрро мардми заоватманду соҳибкорон мекунанд. Абдулҳамид Гулаҳмадов ягон хел соҳибкорӣ надорад. Зиёии донишманд, тарбиятгари мумтоз ва нависандаю муҳақиқи таърихи кӯҳанамон мебошад. Асарҳои таълифнамудааш «Пайвандгари асрҳо» , «Нафс », «Таърихи Хатлон» аз зумраи нигоштаҳоеанд , ки такя ба далелҳои таърихӣ иншо гардида , навиштори носаҳеҳу саҳлангоронаи иддае аз қаламкашони тасодуфиро ислоҳ ва нақд намудааст.
Бобои Абдулҳамид аз пули нафақа, гонарари китобҳояш ва ҳақулзаҳмати фарзандонаш бо нияти ҳаҷ рафтан 52 ҳазор сомонӣ ҷамъ менамояд. Аммо, вақте ки мушкилоти вазнини бебарқӣ доштани маҳаллаи тозабунёди Кӯлобро дид, хоҳиш кард, ки номашро аз рӯйхати ҳаҷравҳо берун кунанд.
Аз гузашта мусулмонони воқеӣ дар сурати гуруснагӣ кашидани ҳамсояҳо ва ё хешу табор аз ҳаҷравӣ худдорӣ мекарданд.Ва пасандози бо мақсади зиёрат ҷамъ овардаашонро ҳадяи ин қабил осебдидагон менамуданд. Аз тасмими кашшофи илм ва марди хирад аҳлу оила ва ҳамсояҳо зуд огаҳӣ ёфтанд.
Ҳар кас мувофиқ ба ҳимматаш ба иқтидоми баҳсбарангези муаллим ҳар хел чашмандоз дошт: яке мегуфт,барои мушкилии мардум шуда аз имкони худодод рӯй тофтан хуб нест. Дар шароити имрӯза кӣ бе проблема аст? Мою шумо дар ин роҳ вуҷудамонро қурбон кунем ҳам, дарди мардумро ба тамом кам карда наметавонем. Дар пирӣ ин фарзи мусулмониро адо кардан аз ҳама болост.
Вале дар оилааш,ки ҳама аҳли ирфонанд, қарордоди ӯро шодона пазируфтанд. Гуфтанд, ки кори неку номи нек барои инсон ганҷинаи бебаҳост.
Розигии аҳли оила ба омӯзгори донишвар, дуо барои кори хайр гашт.Трансформатор ва пояю симҳои барқ интиқолдиҳандаро харида ба маҳаллаи навбунёд барқ гузарониданд. Аз соҳиби рӯшноӣ шудан шодии мардумро ҳадду канор наБУД. Дар маҳалла ҳоло зиёда аз 150 нафар одам зиндагӣ мекунанд ва дар ояндаи наздик ин шумора чанд баробар зиёд мешавад.Зеро дар мавзеи кушодаканор ва хушбоду ҳаво даҳҳо оилаҳои дигар ба сохтмони манзил машѓуланд.
Бошандагони маҳалла чанде пештар бо ташаббуси вакилашон ҷамъомад доир намуда, аз кори наҷиби нависанда доир ба соҳиби БАРҚ шуданашон арзи сипос карданд. Ва таклиф намуд, ки маҳаллаашон ба номи фарзанди фарзонаи шаҳр Абдулҳамид Гулаҳмадов гузошта шавад. Ҳамзамон дар даромадгоҳи он сабаби ба чунин қадрдонӣ мушарраф гардидани устод дар лавҳае қисса карда мешавад.
Ин ба хотири он аст, ки наслҳои оянда пайрави амалҳои накӯкорӣ ва инсонпарваронаи ҳамватанони ҳиматбаландашон бошанд. Зеро соҳибдилон дар ин маврид фармудаанд.
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Тавонӣ гар ба даст овар дилеро!

Ғайбулло Ҳалимов,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: