Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Никоҳи хешутаборӣ: боғ ё доғ?

Никоҳи хешутаборӣ: боғ ё доғ?

19-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Никоҳи хешутаборӣ: боғ ё доғ?Барои волидайн оиладоркунии фарзандону гусел намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва мустаҳкамсозии оиладориашон яке аз масъулиятҳои муҳимтарин аст, ки ҳар як падару модар оид ба он ҳамеша андеша менамоянд.

Баъзан маҳз хотири пойдории оилаи фарзанд ва ояндаи зиндагии вай волидайн ҷуфти фарзанди хешро аз байни хешу табор интихоб намуда, ба қавле аз ояндаи насли хеш “дилпур” мегарданд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар асл чунин нест, зеро дар никоҳи хешутаборӣ ноҷуриву носозгориҳои зиёде зуҳур хоҳад кард. Барои рӯшноӣ андохтан ба чунин мафҳумҳо мо ба далелҳои илмию таърихӣ рӯ оварда, дар ин радиф бо саволи “никоҳи хешутаборӣ аз диди шумо?”, бо чанде аз суолҳо ба ҳамватанон муроҷиат намудем.

Салима Ҳабибова ном зан, ки худро аз ноҳияи Рӯдаки муаррифӣ намуд, ба мо дар ин маврид чунин баён дошт:

Бо хоҳарам барои риштаи хешутабориро боз ҳам мустаҳкамтар сохтан, қудо шудем. Ягона духтарамро ба писараш ба занӣ додем. Аммо ҷиян-домодам аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ҳамсарашро зери латукӯб ва азобу шиканҷа гирифт. Се сол ин аҳвол давом ёфт. Онҳо соҳиби як духтарчаи ширинрӯй шуданд, лекин феълу рафтор ва кирдору муносибати домод ҳеҷ тағйир наёфт. Оқибат ин амалҳои ноҷову зишт ба ҷудоӣ бурда расонд.

Мегӯянд, ки “Қудо шудӣ, ҷудо шудӣ”. Ҷудогии духтарам бо шавҳараш хоҳарию апагии моро низ барбод дод.

Нафари дигаре ,ки аз муаррифӣ бидуни истиҳола, худро Баҳриддини Мурод, сокини шаҳри Душанбе, гуфта муаррифӣ кард, ба мо чунин иброз намуд:

- Бо амри волидайн бо холадухтарам оиладор шудам. Соҳиби се фарзандем. Ҳамсарам на волидайнамро эҳтиром мекунаду на худамро. Ғайр аз ин ду фарзандам иллати модарзодӣ доранд. Пойҳояшон мелангад.

Воқеан аксаран фарзандоне, ки аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё меоянд, иллатҳои ҷиддии асаб, қалб ва ноқисии дигар узвҳоро доранд.

Дар дини мубини ислом никоҳи хешутаборони наздик-амакбачаҳо, холабачаҳо, аммазодаҳо маън карда нашудааст. Вале дар ягон оят ё ҳадис оид ба ҳатмӣ будани чунин никоҳи хешутаборӣ нуктаеро пайдо кардан нашояд.

Шояд мушкилоти алоҳидаеро дар ин самт ба инобат гирифта, Расули Акрам (с) низ дар мавриде чунин таъкид намудаанд:

“Никоҳи хешовандони наздик мақбул дониста нашудааст.”

Коршиносон ва табибони муосир ҳам, дар тамоми рисолаю асарҳои илмӣ-пажӯҳишии хеш бо асноду далелҳои мӯътаманду қатъӣ таъкид намудаанд, ки самари никоҳи хешутаборӣ, хоҳ-нохоҳ дилхоҳ нест ва насли аз ин никоҳ ба дунё меомада, рӯҳану ҷисман бисёр норасоиҳо доранд.

Бунёди оила танзими дақиқро тақозо намуда, волидайн, пайвандон ва худи ҷавононро лозим аст, то дар ин самт тамоми паҳлӯҳои ин корро дурандешона баррасӣ намоянд, бахусус, никоҳи хешутабориро!..
Наргиси Муродалӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: