Вохӯрии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр4-08-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо имомхатибон ва раисони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр полковник Исозода Набиҷон ва прокурори шаҳр Сафарзода Баҳриддин суханронӣ намуда, оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои экстримистӣ ва беаҳмиятии волидайн нисбати фарзандон суханронӣ намуда, аҳли нишастагонро ба ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ даъват намуда, инчунин қайд намуданд, ки имрӯзҳо аз беаҳамиятии падару модар фарзандон ба бекоргардӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд, ки ин боиси ғаму андуҳи падару модар мегардад. Инчунин қайд карда шуд, ки бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбияи насли наврас аз тарафи фаъолони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ пайваста суҳбатҳо бо падару модар дар ҷои зист ва ҳангоми ҷамъ омадан дар вақти намоз гузаронида шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки 10-сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Қабули Қонуни мазкур бори дигар собит сохт, ки сатҳи зиндагии мардуми кишвар рӯз аз рӯз хуб шуда ба ҷои хароҷотҳои беҳуда маблағҳо барои донишандӯзии фарзандашон ва дигар хароҷотҳои оилавӣ сарф карда шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.