Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма боз шуд25-07-2017, 08:38
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз боз шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма хабар доданд. Ин роҳ рӯзи 9-уми июл бар асари фаромадани сел аз самти Афғонистон ва баста шудани маҷрои дарёи Панҷ, зери об монда буд. Полковник Гулшан Насруллоев, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон гуфт, пас аз поксозиҳои шабонарӯзӣ, субҳи имрӯз, ин роҳ барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт, боз шуд. Вай гуфт, "ҳоло ҳам корҳои поксозӣ ва таркиш дар ин қисмати роҳ идома дошта ва ба ин далел, рафтуои мошинҳо тибқи ҷадвал ва бонавбат аз як самт, сурат хоҳад гирифт". пожалуйста, подождите Загрузить файл Бар асари бориши зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли имсол маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзил ва тақрибан як километр роҳ зери об монд. Нилуфар Асламшоева котиби матбуотии ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, баста будани роҳи Душанбе – Қулма – Қароқурум на танҳо равуои сокинонро мушкил кард, балки боис ба кам шудани воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон низ шуд. “Тамоми мутахассисон ва нирӯи кор ба ҳамон самт нигаронда шудааст. Иқтисоди вилоят ба кушода шудани ин роҳ вобастааст. Чаро ки интиқоли молу коло аз Чин ба Тоҷикистон ва аз Душанбе ба Хоруғ тариқи ин роҳ сурат мегирифт”, - гуфт ӯ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.