Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Мурғоб-Қароқум пас аз 15 рӯз боз шуд

Роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Мурғоб-Қароқум пас аз 15 рӯз боз шуд

24-07-2017, 12:40
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Мурғоб-Қароқум пас аз 15 рӯз боз шуд


ХОРУҒ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қитъаи 800 метраи роҳ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз, ки бар асари ҷорӣ шудани сел комилан аз байн рафта буд, пас аз ним моҳ дуюмбора барқарор шуд. Субҳи имрӯз, 24 июл ин қитъаи роҳ ба рӯи мошинҳои мусофирбару боркаш боз гардид. Сардори идораи нигоҳдории роҳҳои ин ноҳия Сулаймон Муллоёров гуфт, ки мутобиқи нақша ин қитъаи роҳ, ки аз кӯҳи хоро иборат буд, бояд дар давоми як моҳ боз мешуд, аммо баъди кумаку дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар 15 рӯз қабл аз нақша мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо супориши Пешвои миллат ба қитъаи роҳ техникаи иловагии пуриқтидор аз НБО «Роғун» интиқол дода шуд, ки ин кори роҳсозонро ба маротиб осон гардонид.

Сардори Маркази матбуоти Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева гуфт, ки ба хотири кушода шудани ин роҳи воқеан барои кишвар муҳим дар маркази ноҳияи Дарвоз бо ширкати ронандагону мусофирон ва сокинони ноҳия ҷамъомад баргузор шуд. Иштирокдорон ба Пешвои миллат ва кулли роҳсозон изҳори минатдорӣ намуданд. Зеро пешрафти ҳаёту иқтисоди кишвар аз ҳар ҷиҳат ба ин роҳи байналмилалӣ вобаста аст. Баъди баста шудани роҳи мазкур нарху наво дар бозору мағозаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як баробар боло рафт ва баъзе аз намудҳои маводи озуқа камчин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 9 июл бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Деҳхои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҷрои дарёи Панҷ баста шуд ва 800 метр қитаъи роҳ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зери об монд. Аз ин рӯ, ҳаракати нақлиёт аз тариқи ағбаи Хобу Рубот ба роҳ андохта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: