ТАҶЛИЛИ 20 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КӮЛОБ.27-06-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ фаъолони шаҳри Кӯлоб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлтии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар ш. Кӯлоб, намоиши китобҳо ва ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Чорабиниро нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани ифтитоҳи кушода, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд. Инчунин қайд кард, ки дар ш. Кӯлоб дар ҳамаи самту соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки ин ҳама аз сиёсати созандаву ваҳдатофарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҳамзамон як қатор фаъолон ва иштирокчиёни озмунҳои шаҳрӣ дар рафти ин чорабинӣ ба Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар охир аз ҷониби ҳаваскорон ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Мавриди зикр аст, ки ба муносибати ин ҷашни тарихӣ, ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил гардида, дар баробари ин хатнасури 110 нафар атфол баргузор карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.