Ҳисоботи ҳизбиён.30-05-2017, 10:58
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Дар саҳни бинои «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа вакилону меҳмононро хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо қироати шеърҳо дар васфи Ватану ватандорӣ истиқбол намуданд. Пас аз пазироии меҳмонони олиқадр Конференсияи 17- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори конференсия намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, узви Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Искандар Абдуллозода, узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори литсейи физикӣ-математикии «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамоҳ Қосимзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Набзи Қӯрғонтеппа» Усмоналӣ Тӯйчиев, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Сараввал дар конференсия Суруди миллӣ садо дода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Таваккал Наҷидуллоев ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид ва ба иштирокдорони конференсияи ҳизбӣ барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Сипас, Таваккал Наҷидуллоев дар назди ҳозирин аз фаъолияти дуввунимсолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳисобот дода, инчунин афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тақозои замон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои мардум, истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил шуда, тавонист ба ташкилоти бонуфузи сиёсӣ ва дорои сохтори муназзами ташкилӣ табдил ёбад ва чун зодаи замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёди давлати мутараққиро ҳадафи асосии худ ҳисобида, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ афзалтар шуморад. Ҳизби мо ҳимояи Ватан, таҳкими истиқлолияту давлатдорӣ, таъмини манфиатҳои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, пешрафти фарҳанг, забон ва бақои анъанаҳои миллиро вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҳизб ҳисобида, барои мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ хизмат менамояд. Инчунин раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Умед Зарипов оид ба фаъолияти комиссия аз моҳи октябри соли 2014 то то моҳи апрели соли 2017 муфассал ахборот дод. Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пурра пардохт намудани ҳаққи узвият ба Кумитаи иҷроия ва қарзҳои то ин вақт пардохт нагардида, чораҳои мушаххас андешанд. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо», мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қурбон Қурбонзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дандонпизишк» Муқаддас Қурбонова ва Шералӣ Туфорзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор»-и шаҳр ва дигарон ба сухан баромада, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ҷамъбаст намудани натиҷаҳои озмуни «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» ва Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Солимии миллат -асоси рушди давлат», «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд», «Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад» ва «Покизагии хоку обу ҳавои Ватан аз обҳои поку мусаффои он аст», ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ бармеоянд, чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Ҳамчунин Руқия Қурбонова, Аҳмадҷон Ализода ва Искандар Абдуллозода дар назди ҷамъомадагон суханронӣ намуда, ҳамагонро баҳри якпорчагии Ватан, саҳм гузоштан дар рушду нумуи Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонон ва дигар паҳлуҳои ҷомеаи имрӯза маслиҳатҳои судманд доданд. Пас аз музокираҳо ҳайати нави Кумитаи иҷроия, Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардида, ҳамагон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳриро қаноатбахш ҳисобиданд ва Конференсияи 17- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид. Дар фарҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба фаъолон барои саҳми арзандаашон дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.