Минбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд17-05-2017, 16:16
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд. Дар робита ба ин 17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул карданд. Инчунин тибқи ин тағйирот агар аъзои Ҳукумат дар эъломия доир ба даромад ва вазъи молу мулкашон маълумоти бардурӯғ навишта ё онро пинҳон доранд, амали онҳо аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, пинҳонкории онҳо ошкор карда мешавад. Амрихудо Дамдоров, вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон тибқи ин тағйирот аз ин ба баъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вайрон кардани савганд ба Президент ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.