Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд минбаъд Парчами давлатии кишварро дар манзилҳои истиқоматиашон низ овезон намоянд

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд минбаъд Парчами давлатии кишварро дар манзилҳои истиқоматиашон низ овезон намоянд

13-10-2016, 10:43
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд минбаъд Парчами давлатии кишварро дар манзилҳои истиқоматиашон низ овезон намоянд


/АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром минбаъд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода намоянд. Дар ин росто 12 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Мавзуна Шарофиддинова, вакили Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба ҳабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор истифода бурда мешавад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки он ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2009 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: