Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид

Дар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид

17-05-2017, 16:14
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар арафаи ҷаласаи солонаи раёсати роҳбарикунандаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои А ва F» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути таъмини хизматрасонии боэътимоду мустақими нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни минтақаҳои ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба беҳтар намудани робитаи нақлиётӣ ва рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Хитой, Покистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.

Лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингузарро бо ду хати ҳаракат ба масофаи 58 километр пешниҳод кардааст, ки 32 километри он ба минтақаи А (байни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин) ва 26 километри роҳ ба минтақаи F (байни Шкев ва Қалъаихумб) рост меояд.

Маблағи умумии лоиҳа 115,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА қарзи Бонки Исломии Рушд мебошад.

Татбиқи лоиҳа моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, соли 2022 ба анҷом мерасад.

Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Бонки Исломии Рушд президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба имзо расониданд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: