ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАХОҲАД ШУД!5-05-2017, 10:11
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Мардуми қаҳрамонпарвари тоҷик бо абармардони далеру матин ва ҳомиёни фарҳангсолораш дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарҳои режими истилогари фашизм нақши бориз доранд. Дар набардҳо ва муборизаҳои ватанхоҳии солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чавонони Тоҷикистонӣ дар радифи дигар халқияту миллатҳои ИҶШС иштироки содиқона намуда, марзу буми муқаддасро бо гарави ҷон баҳри наслҳои оянда ба мерос гузоштанд. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо–ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан во гузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони КИҲХДТ дар шаҳриДушанбе бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” ва пос доштани хотираи неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Муассиаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №100 бо иштироки толибилмони ин боргоҳи илму маърифат чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нахоҳад шуд!” бо иштироки Атобоев Туйчӣ Эргашевич- раиси ташкилоти “Иттифоқи маъюбони меҳнат ва Чернобел”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яқубов Саидмурод ва Азизов Абдулҳафиз ҷанговарон ибашар дӯст, Ҷамшед Олимов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Душанбе-роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳриДушанбе, Бурҳонзода Муслиҳиддин-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар ашхоси расмӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур қайд гардид, ки муқаддас шуморидани истиқлолият, ваҳдату сулҳу субот ҳамчун сарчашмаи созандагиҳои беназир, таҳкимбахши худогоҳию меҳандӯстӣ ва ватанпарварию ҳуввиятмандӣ дар ниҳоди ҷавонони кишвар мебошад. Посдоштани сулҳусубот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ рисолати ҳуввиятмандию матинии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бояд, бо эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, шуҷоату мардонагӣ, ҷонфидои ин Ватан бошанд ва барои ҳимояи он ҷони худро дареғ надоранд. Зеро ин сарзамин гаҳвораи ҳаёт, парваришгари рўҳу ҷон, ормонбахши зиндагӣ ва сарчашмаи мусаффои хушбахтиҳои ҳар як ҷавон аст. Шуъбаи кор бо ҷавонони КИҲХДТ дар шаҳриДушанбе дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти КИҲХДТ дар шаҳриДушанбе чунин иқдомҳоро минбаъд низ баҳри фаро гирифтан иҷавонон ба китобхонӣ ва бадин васила бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон идома хоҳад дод. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳриДушанбе Ҷамшед Олимов. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.