Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикон дар амалиёти гирифтани бинои Рейхстаг иштирок кардаанд

Тоҷикон дар амалиёти гирифтани бинои Рейхстаг иштирок кардаанд

10-05-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикон дар амалиёти гирифтани бинои Рейхстаг иштирок кардаанд

«Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд”.

Аз суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ш.Душанбе, 9 май соли 2017.

ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. Субҳи имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба иштирок намуда, таъкид доштанд, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Дар суханронии худ Пешвои миллат зикр карданд, ки «Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад».

Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар набардҳои ҷанг ҳалок шуданд. Тавре аз маводҳои дар ВАО-и ватанию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашршуда бармеояд, ҷанговарони тоҷик дар амалиёти ҷангӣ барои гирифтани бинои парлумони Олмон – қасри Рейхстаг бевосита иштирок карда, дар қатори нахустин ҷанговарони шӯравӣ барои дар болои Рейхстаг барафшонидани парчами ҷангӣ талошҳо карда ва ҷон супоридаанд.

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба Николай Беляев, ҷанговари дивизияи 150-уми тирандозӣ, яке аз иштирокдорони амалиёти ҷангӣ барои гирифтани Рейхстаг зимни мусоҳибаи худ ба Шабакаи якуми телевизиони Россия иштироки тоҷиконро дар амалиёти гирифтани бинои Рейхстаг тасдиқ намуд. Дар ин бора дар сомонаи Радиои “Озодӣ” иттилоъ дода шудааст.

Мувофиқи суханони Николай Беляев, бинои Рейхстагро зиёда аз 2000 ҷанговарони немис ҳимоя мекарданд, ки аз шиддати тирзании онҳо наздик шудан ба ин бино номумкин буд. Бо назардошти он ки маълум набуд нахустин шуда кадом гурӯҳи ҷангӣ ба бинои Рейхстаг ворид мегардад, ба ҳар як воҳиди алоҳидаи ҷангӣ, ки дар амалиёти гирифтани Рейхстаг иштирок доштанд, байрақҳои махсус дода шуда буд. Раҷаб Ишонови тоҷик ҳамчун комсорги рота вақте ба бинои Рейхстаг наздик мешавад, байрақро бардошта вориди бино мегардад, аммо ногаҳон ба алангаи оташ афтида, зинда ба зинда дар пеши чашми ҳамяроқонаш ба ҳалокат мерасад, -иброз дошт Н. Беляев.

Тавре аз маъхазҳои таърихӣ бареояд, номи Раҷаб Ишонов дар ҳақиқат дар рӯйхати иштирокдорони амалиёти гирифтани Рейхстаг навишта шудааст.

Бояд гуфт, тибқи иттиллои расмӣ нахустин шуда байрақро дар болои Рейхстаг 1-уми майи соли 1945 афсарони Артиши шӯравӣ Алексей Берест, Мелитон Кантария ва Михаил Егоров насб кардаанд. Вале сарчашмаҳои дигари таърихӣ шаҳодат додаанд, ки байрақро ба болои Рейхстаг на рӯзи 1-уми май, балки пештар аз ин сана афсарону аскарони дигар барафрохта буданд. Чунончӣ, сарчашмаҳо иттилоъ додаанд, ки байрақи сурхро 30 апрели соли 1945 афсарони артиши 8-ум Алексей Ковалев, Абдулҳаким Исмоилов (аз Доғистон) ва Леонид Горичев барафрохта буданд.

Дуруст аст, ки бо гузашти солҳо тағйири санаи барафшонидани байрақи сурх дар болои парлумони Олмон мавқеъ ва нақши Ғалабаро бар фашизм кам намесозад, вале иштирок кардани ҷанговарони тоҷик дар амалиёти гирифтани Рейхстаг ва қурбон шудани ҷанговари тоҷик Раҷаб Ишонов зимни кӯшиши барафрохтани байрақ дар болои Рейхстаг маълумоти ҷолибест, ки бояд аз ҷониби таърихнигорон ва мутахассисони бойгонӣ беғаразона таҳқиқ карда шавад.

Маълумоти дигаре ҳам ҳаст, ки лейтенанти қазоқ Раҳимҷон Қошқорбоев ва аскари қаторӣ Григорий Булатов 30 апрели соли 1945 ба қисмати марказии бинои Рейхстаг ворид шуда, дар болои зинапояи даромадгоҳи асосӣ байрақи сурхро парафшон намудаанд. Дар ин маврид, агар суханони Н.Беляев, ки мегӯяд «ба ҳар як воҳиди ҷангӣ барои барафрохтан дар болои боми Рейхстаг байрақи махсус дода шуда буд», ба назар гирифта шавад, пас ба асоси воқеӣ доштани маълумоти овардашуда, аз ҷумла иштироки ҷанговарони тоҷик дар кӯшиши насб кардани байрақ дар болои Рейхстаг шубҳа намемонад.

Оид ба иштирок кардани тоҷикон дар амалиёти гирифтани бинои Рейхстаг собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, собиқ журналисти АМИТ «Ховар» Олег Соболев навиштааст, ки дар қатори ҷузъу томҳои Артиши шӯравӣ, ки дар амалиёти гирифтани Рейхстаг иштирок карданд, ду дивизияи дар Тоҷикистон таъсис додашуда низ буданд. «Муайян кардани шумораи ҷанговароне, ки аз Тоҷикистон фиристонида шуда буданд, аз имкон берун аст, чунин ҳисоби дақиқ вуҷуд надорад. Вале набардҳои ҷасуронаи дивизияҳои каварелии 16-ум ва 17-ум, ки дар Тоҷикистон таъсис дода шуда буданд, барои ба даст даровардани Берлин воқеияти тасдиқшуда мебошад. Аксарияти ин ҷанговарони тоҷикистонӣ барои ҷасорату мардонагӣ дар амалиёти гирифтани Берлин бо мукофотҳои баланди ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд», — навиштааст О.Соболев.

Рейхстаг СолиджонДар бораи иштироки тоҷикон дар амалиёти гирифтани Рейхстаг ҳамчунин нависандаи рус, иштирокчии ҷанг Василий Субботин “Как кончаются войны”(1968) низ ёдоварӣ кардааст: «Ҳамлаи баталиёни моро ротаи афсари тоҷик Ато Атоев пеш мебурд. Ин афсари тоҷик дар баробари ҷингиламӯй ва зебо буданаш ҳамчунин хеле оқилу доно буд ва ҳамеша ба ман маслиҳату машварат медод».

Мувофиқи навиштаҳои Субботин, аскарони шӯравӣ таҳти фармондеҳии Атоев субҳи 30-юми апрели соли 1945 майдони саҳни Рейхстагро таҳти назорати худ гирифтанд. Ин ҷузъу томҳои дивизияҳои кавалерии 16-ум ва 17-уми Артиши шӯравӣ буданд.

Мувофиқи маълумоти дигаре, ки агентиҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн кардаанд, лейтенанти тоҷик Солиҷон Олимов 2-юми майи соли 1945 дар болои Рейхстаг байрақи сурхро барафрохтааст. «2-юми май гурӯҳи ҳамлавари полки тирандозии 1050-и дивизияи тирандозии 301-ум таҳти фармондеҳии комсорги баталиён, лейтенати тоҷик Солиҷон Олимов супориш гирифт, ки ба болои боми вазорати авиатсияи душман, ки дар Рейхстаг ҷойгир шуда буд, байрақи сурх барафрохта шавад. Олимов ҳамроҳи ду ҷанговар тавонист, ки аз зери шиддати борони тири душман худро беосеб ба бино расонад ва баъди дар даромадгоҳи бино нобуд кардани даҳ ҷанговари душман байрақро ба болои Рейхстаг насб кунад. Бо парафшон шудани байрақи сурх ҷанговарони боқимондаи баталиён аз камингоҳ берун шуда, ба бинои вазорати авиатсия ҳамла оварданд ва онро таҳти назорати худ гирифтанд».

Рейхстан Рахмон СафаровБарои мардонагӣ ва ҷасорат лейтенант С.Олимов 29 июни соли 1945 бо ордени «Байрақи Сурх» мукофотонида шудааст.

Ҳамин тавр саҳифаҳои норӯшан ва то охир таҳқиқнашудаи ҷанговарони тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хеле зиёданд. Хуб мебуд агар муҳаққиқону таърихшиносони ҷавон иқдоми неки нависандаи зиндаёд, муаллифи китоби «Ҳазору як корнома» Раҳмон Сафаровро идома дода, қаҳрамониҳои то ҳоло ифшонашудаи тоҷиконро аз “таҳхона”-и таърих берун биёранд ва ба насли наврас муаррифӣ кунанд. Зеро тавре Пешвои миллат имрӯз зимни суханронии худ дар Боғи Ғалабаи Душанбе зикр карданд: «Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад».

Акрам САНГЗОДА


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: