Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қадрдонии собиқадорони ҷанг

Қадрдонии собиқадорони ҷанг

11-05-2016, 09:33
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Қадрдонии собиқадорони ҷанг
Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 71-ин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки меҳмонон аз сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойгоҳи ҳарбии дивизияи 201-и Русия дар Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷапнговарони интернатсионалисти шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳассилини донишгоҳу макотиби пойтахт баргузор гардид.

Маҳфили гиромидошт нахуст бо пахш кардани садои наттоқи машҳур Юрий Борисович Левитан, ки хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистиро ба мардуми шӯравӣ расонида буд, оғоз гардида, ҳозирин бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи фавтидагонро ёд карданд. Ҷонишини директори иҷроияи Донишгоҳ М.Ковтун меҳмононро хайрамақдам гуфта, сипас сафири Федератсияи Русия И.С.Лякин-Фролов ба сухан баромада, иштирокдорони маҳфилро ба муносибати ин Иди Бузург табрик намуд. Зимни суханронии хеш сафир оид ба саҳми Тоҷикистон дар ба даст овардани ғалаба ба Олмони фашистӣ қайд карда, иброз дошт, ки тибқи баъзе маълумот то 230 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ баҳри дифои Меҳан ба ҷабҳа рафта, 98 ҳазори онҳо ҷони худро аз даст доданд. Таъминоти ҷабҳа дар ақибгоҳ худ як қаҳрамоние буд, ки мардум меҳнати шабонарӯзӣ намуда, Тоҷикистон ба майдони набард садҳо ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молу мавод фиристода буд:

- Зиёда аз 45 ҳазор нафар сокинони манотиқи ҷангзада ба Тоҷикистон муҳоҷир карда шуданд, ки мардуми ҷумҳурӣ онҳоро бо оғӯши боз пешвоз гирифта, ба онҳо сарпаноҳ дод. Ҳамчунин аз вилоятҳои ноамн заводу фабрикаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим ба ҷумҳурӣ кӯчонида шуданд, ки дар пешрафти ҷумҳурӣ ҳиссаи худро гузоштанд-гуфт И.С.Лякин-Фролов.

Сафири Русия ҳамчунин аз саҳми боризи иттифоқчиёни Иттиҳоди Шӯравӣ дар эътилофи зиддигитлерӣ- Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса ёдовар шуда, афзуд, ки хидмати ин кишварҳои бузург низ дар торумор кардани душмани пурқувват калон аст, ки ин далел ҷойи баҳс ва шакку шубҳае надорад. Намунаи барҷастаи ҳамдастии кишварҳо дар маҳф сохтани идеологияи инсонбадбинонаи натсионал-сотсиализм ин ёрии бузурги моддӣ ва ҳарбии кишварҳои эътилоф (ленд-лиз, ки асосан аз ҷониби ИМА расонида мешуд), ки ниҳоят дар ба даст овардани Ғалаба нақши муҳим дошт ва вохӯрии аскарони шӯравию амрикоӣ дар назди дарёи Элба баҳори соли 1945 мебошад.

Бо таассуф қайд карда шуд, ки имрӯз дар бархе кишварҳои аврупоӣ, ва ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки артиши шӯравӣ замоне онҳоро аз чанги фашизм озод карда буд, таърих таҳриф шуда, диди ҷадиди он рӯйи кор омадааст, ки ба куллӣ аз ҳақиқати таърихӣ тафовут дорад. Аммо ин, ба истилоҳ «таърихнигорон» наметавонанд аз лавҳаи хотираи таърихӣ Ғалабаи Бузургро хат бизананд ва кӯшишҳои онҳо дар ин самт барабас хоҳад буд. Ин дидгоҳро роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тарафдор буда, аз ҷониби ҳукумати кишвар собиқадорони ҶБВ таҳти сарпарастӣ гирифта шуда, онҳо доимо қадрдонӣ мешаванд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ансамбли созиву овозии «Южный форпост» ва оркестри ҳарбии пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, хонандагони муассисаи таълимии №8-и пойтахт, ҳамчунин муҳассилини филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе баромад намуданд. Дар анҷоми маҳфили фарҳангӣ ба собиқадорони ҶБВ ва ҷанговарони интернатсионалист тӯҳфаҳо супорида шуданд.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: