Рисолати вакил15-09-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии аъзои Фраксияи ҲХДТ таҳти сарварии раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода бо интихобкунандагони ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Вахш ва Бохтар оғоз гардид.
Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фраксияи ҲХДТ таҳти сарварии Бахтовар Сафарзода, инчунин узви Кумита оид ба иқтисодиёт ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул, узви Кумитаи аграрӣ захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ Гулбаҳор Ашӯрова, узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи тандурустӣ Ҳокимҷон Холиқов, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қиёмиддин Миралиён вохӯриву суҳбатҳои худро бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Бохтар ва Вахш оғоз намуданд. Чунин як вохӯрӣ имрӯз 15 сентябр бо интихобкунандагон дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҷ. Румӣ баргузор гардид. Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ. Румӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев кушод. Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло вакилонро бо интихобкунандагон муаррифӣ намуд. Зимни вохӯрӣ Бахтовар Сафарзода дар назди интихобкунандагон аз фаъолияти Фраксияи ҲХДТ ҳисобот дода, саҳми вакилонро дар амалӣ гардидани Барномаи ҲХДТ, қабули қонунҳо ва фаъолияти вакилии ҳар як узви Фраксияро қайд намуд. Вакилони МН МО ҶТ Ҷобирзода Тоҳир Гул оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия, Сабурзода Мирзодавлат оид ба истифодаи самараноки захираҳои об ва замин, Гулбаҳор Ашӯрова оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ оила ва тандурустӣ, узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи тандурустӣ Ҳокимҷон Холиқов, Қиёмиддин Миралиён оид ба рушди илм ва маориф, амалӣ гардидани сиёсати Ҳукумат оид ба ҷавонон, бо интихобкунандагон суҳбатҳои судманду ошкоро намуда, аз аҳамияти бузурги ҳифзи соҳибистиқлолӣ, саҳми арзандаи ҷавонон дар рушду нумӯи Ватан, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ёдовар шуданд. Дар рафти суҳбату вохӯриҳо интихобкунандагон ба саволҳояшон посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. Дар интиҳои вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода вохӯриро ҷамъбаст ва ба ҳар яки онҳо дар рисолати вакилӣ ва фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар МН МО ҶТ комёбиҳо орзу намуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.