Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таваҷҷуҳ ба ҷавонон.

Таваҷҷуҳ ба ҷавонон.

6-04-2017, 12:43
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон.

Баҳри тарғибу ташвиқ ва амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати авфи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вурудшавии онҳо ба Федератсияи Росия ба муҳлати муайян манъ карда шудааст, тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахшида ба «Соли ҷавонон» аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия мулоқоти судманд бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар ҳошияи ташрифи Президенти Федератсияи Русия ба кишвари мо ва қабул гардидани таклифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабукӣ овардан барои буду боши муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби кишвари қабулкунанда, баргузор гардид.
Аз ҷониби роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ба маълумоти ҷавонон муҳтавои мулоқоти мазкур бобати авфи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия расонида шуда, махсусан қайд гардид, ки дар асоси сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат шароиту имкониятҳои шаҳрвандони мо, ки тибқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии хориҷии кишвар сол аз сол рӯй ба беҳбудӣ оварда истодааст, ба самти инкишоф ва мусбӣ майл ёфта, нишони воқеии иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум месозад.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Санавбар Баҳодурова, сармутахассиси шўъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Рўзибой Боймуродзода ва сардори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия Комилҷон Тўйчиев баромад намуда, доир ба баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифтнокии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, масъалаҳои истифодаи самаранок ва мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими давлатии муҳоҷират, алалхусус иҷрои хизматрасониҳои давлатӣ, фаҳмондани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷа, додани маслиҳатҳои муфид оиди муҳоҷирати бехатар изҳори андеша намуданд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён маводҳои аёнӣ ва иқтибосҳо аз санадҳои меъёрии сабуккунандаи барасмиятдарории авфи муҳоҷирон ҳамчун роҳнамо дастрас карда шуд.

Лоиқ Тўйчиев мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: