Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарвазири мамлакат дар шаҳри Душанбе бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот шинос шуд

Сарвазири мамлакат дар шаҳри Душанбе бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот шинос шуд

10-04-2017, 08:49
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Сарвазири мамлакат дар шаҳри Душанбе бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот шинос шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2017. /АМИТ «ХОвар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Душанбе шинос шуд.

Сарвазири мамлакат нахуст ба маҳалли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои навсозии бинои иловагии донишгоҳи мазкур дидан кард.

Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи лоиҳаи муштараки сохтмони Масҷиди бузург дар пойтахти мамлакат шинос шуда, дар идома аз маҳалли бунёди бинои асосии Почтаи тоҷик боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон ва навсозии иншооти таъиноти гуногун таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи иҷрои босифати корҳои сохтмон ва навсозии иншоот зоҳир карда шуд.

Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуда, аз масъулин назорати ҳатмии рафти корҳои сохтмон, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва риояи талаботи асосии санъати меъморию шаҳрсозии миллию муосирро талаб кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: