Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқотҳои Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ

Мулоқотҳои Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ

3-11-2016, 09:44
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқотҳои Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ
/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Бишкек Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Акбар Ҷавод Мобашшар мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Ҳамчунин мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло доир гардид. Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироии муштарак дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба масоили иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмони роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва коҷоқи ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: