Ба истифода додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод4-10-2016, 14:53
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуданд. Бино аз 3 ошиёна иборат буда, он бо маблағи 2 миллиону 154 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохтааст ва дар он барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати мамлакат сохта шудаасту имрӯз кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Корҳои сохтмонӣ соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сабр” дар мудати якуним сол бо тарҳу услуби хос бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино 6 утоқи корӣ барои кормандон ва дар ошёнаҳои болои ҳамчунин шароити арзандаи истиқомат фароҳам оварда шуда, ба хотири таъмини шароити хуби зист манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Мӯъминобод ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳои 2 ва 3 ҳуҷрагиро супорид ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуданд. Воқеъан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ шароити аразандаи корӣ ва истиқомат фароҳам оварда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.