Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗ АСТ!

СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗ АСТ!

15-03-2017, 12:04
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗ АСТ!Бо мақсади табрику таҳният бо фарорасии иди баҳору Наврӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино аксия таҳти унвони “Суманак пайки Наврӯз аст”-ро баргузор намуд.
Наврӯз иди баҳору зебои - рамзи бедории табиат ва эҳёи ҳаёт аст. Наврӯз ҷашни миллист, ки бо суннату анъанаҳои дилрабояш аз умқи таърих дар дили мардуми тамадунофари тоҷик ҳамчун садоқат ва муҳаббати инсонӣ ҷой гирифтаву ба дидаҳо нуру зиё мебахшад. Суманак пайки Навруз ва рамзи баҳору эҳёи анъанаҳои миллист, ки ҳамчун сарсабзию хуррамӣ ва хушрӯзиро васф менамояд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапай мақоми байналмиллалиро гирифт. Акнун ҷаҳониён суннатҳои неки Наврӯзро аз ватани Наврӯз-Тоҷикистон меомӯзанд.
Нахуст аксия аз ҳудуди ноҳияи Сино оғоз гардида, сипас дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома ёфт. Дар аксия аз ҷониби гулдухтарон, ки ҳамагон аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мебошанд суманак ҳамчун рамзи сарсабзию хуррамӣ ва шукӯфоҳии табиат тақдим гардида, аз оғози баҳору Наврӯз, муждаи шодӣ расонида шуд.

СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗ АСТ!
Зимни аксия аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаттоҳзода Саидмурод Самад муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои марказии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таоми кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо суманак табрику шодбош намуданд.
Аксияи мазкур то тантанаҳои наврузӣ идома дорад, аз рафти баргузории он муфассалтар маълумот медиҳем.

Ҷамшед Олимов.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: