Армуғони наврӯзӣ30-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Чун анъана пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо вакилони шаҳрию ноҳиявӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вазорату идораҳои дар ҳудуди ноҳия ҷойдошта ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд аксия таҳти унвони “Ҳадяи Наврӯзӣ”-ро баргузор намуд.
Аз ин лиҳоз чанд рӯз пештар ба 100 оилаи ниёзманди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур кӯмакҳои моддии яквақтаина аз қабили орд ва равған расонида шуд. Аз ин иқдоми хайрхоҳона ниёзмандон изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизби адолатпарвар ва ғамхорест, ки пайи дастгирии мо ниёзмандон чораҳо меандешад, намегузорад, ки табақаи осебпазири ҷомеа сарфи назар гардад. Мо ҳамеша шукргузор аз он ҳастем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи иду ҷашнҳо ҳамроҳи мост. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2016 минбаъд ҳам ин иқдомотро амалӣ намуда, дар чунин корҳои хайру савоб ва амалисозии иқдомоти нек саҳми худро хоҳад гузошт. Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.