Ҳизбиёни Кӯлоб дар эҳёи суннатҳои миллӣ саҳм мегузоранд20-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб Фестивал-озмуни эҷодиёти халқ «Андалеб – 2016» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар назди даромадгоҳи Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла чакандӯзӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва намоиши асбобҳои халқӣ ба марази тамошо гузошта шуданд. Пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар толори Қасри фарҳанг мутобиқ ба шартҳои Андалеб аз ҷониби ҳунармандон навохтани сурудҳои халқӣ, сурудҳо дар васфи Ватан, модар, суруди алла, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва дигар бахшҳо низ манзури аҳли толор гардонида шуд. Бояд хотирнишон намуд, ки дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба санаи муҳими таърихӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни эҷодиёти халқ «Андалеб – 2016» дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.