Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонон26-02-2016, 17:32
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ ва касбомӯзӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонон ба омӯзиши илм, бахусус асосҳои муосири илм ва равандҳои сиёсии ҷомеа бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар театри ноҳияи Спитамен «Озмуни ҳозирҷавобон» байни хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи баргузор гардид, ки дар он аъзои ҲХДТ, намояндагони МИҲД-и ноҳия, намояндагон аз командаи лигаи «Тоҷик шоу» ва зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок карданд.
Дар озмун панҷ гурӯҳ аз рӯи ду шарт иштирок намуданд, ки дар охир ду даста ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз баргузории чунин чорабинӣ ҷавонон хеле хушҳол шуда, даъват намуданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳо доир карда шаванд ва онҳо нафақат байни ҷавонони як ноҳия, балки байни ҷавонони манотиқи мухталиф доир карда шавад. Дар охир роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен, иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудан ба ҷавонон чунин тадбирҳову чорабиниҳо дар ноҳияи зиёдтар хоҳанд намуд. Тасмим гирифта шуд, ки дар рӯзҳои наздик давраи 2-юми озмуни мазкур баргузор карда шавад. Ҳамчунин бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва саҳмгузоштан дар ободии кишвар тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд шанбегӣ баргузор намуд. Дар шанбегӣ зиёда аз 800 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, ҷӯйборҳо ва гирду атрофии боғро аз партовҳо тоза карданд. Инчунин, наздик ба 100 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.