Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вохӯрии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён

Вохӯрии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён

11-03-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён
Дар партави сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирӣ барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар олимпиадаҳои фаннӣ миёни донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ вохӯрии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.
Ҳайдар Одинаев, ректори донишгоҳи зикршуда, ҳозиринро ба муносибати 60-умин солгарди донишгоҳ ва фарорасии баҳори тозарӯ шодбош гуфт.
Аҳтам Абдуллозода атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба он қисмате, ки ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад, ишора намуда, аз бурду бохти он дар соли сипаришуда ва нақшаҳои пешбинишуда дар соли 2016 ҳарф зад.
Мавсуф бо дарназардошти фарорасии баҳори покойин аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Биёед, ин ватанро сабзу хуррам мекунем» ёдоварӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки барои ободонӣ ва сабзу хуррам гардонидани кишвар саҳми сазовори худро гузоранд.
Сипас раиси Кумита оид ба натиҷагирӣ ва даври ҷамъбастии чорабинии варзишие, ки чанде пеш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз гардида буд, изҳори сипосу хушнудӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯри «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-ҳои кумита ба устодони донишгоҳ барои фаъолияти босамар ва донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ супорида шуд. Дар ин миён, ғолибони бозиҳои варзишии даври аввали донишгоҳӣ низ қадрдонӣ гардиданд.
М. Сабурӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: