Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САДО”

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САДО”

31-01-2017, 09:49
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
МАҶЛИСИ УМУМӢ   ДАР  ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ  ҲИЗБИИ “САДО”


Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ доир гардид, ки дар он як масъала интихоби роҳбарияти нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо”-ро Зиёзода Фарух Давлат ифтитоҳ намуда қайд кард, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” дар амали намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҲХДТ ва иҷроиши нишондодҳои оинномавии ҳизб ҳамеша кӯшиш менамоянд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” шахсони таҷрибадор ва бонуфуз муттаҳид шудаанд, ки дар пешбурди корҳои сиёсӣ саҳми хешро гузоранд.
Сипас Носирҷон Мирзоев-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз фаъолият ва нишондодҳои сиёсии ташкилот ёдовар шуд. Дар идома зикр кард, ки бо назардошти оне, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” сарбории зиёди вазифавиро дорад ва дар асоси оиннома аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо”-ро лозим аст, ки як нафар шахси кордону таҷрибаи сиёсӣ доштаро раиси ташкилот интихоб намоянд.

МАҶЛИСИ УМУМӢ   ДАР  ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ  ҲИЗБИИ “САДО”

Бо назардошти фикру андешаҳои аъзои ҳизби ташкилот номзадии Зиёзода Фарух Давлат барои интихоб шудан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” пешбарӣ карда шуд, ки бо овоздиҳии ҳамаи аъзои ҳизб Зиёзода Фарух Давлат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” интихоб шуд.
Ҳамчунин Саида Ҷумъаева –муовини раис ва Каримов Фирӯз -котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” интихоб гардиданд.
Носирҷон Мирзоев - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар идомаи суханронии худ оиди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда қайд кард, ки соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид ва моро лозим аст, ки ҷавононро дар роҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватану давлатдорӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои неки ниёгони худ, роҳ надодан ба хурофотпарастиву зиёдаравӣ, тарбияи ахлоқии онҳо, риояи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани савияи донишомӯзии онҳо, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мусоидат намудан ба масъалаҳое, ки онҳоро ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ сарсону танҳо мегузорад тарбия намоем
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: