Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҶАВОНОНИ НАВОВАР ВА ХУДОГОҲ НЕРӮИ БУЗУРГИ ДАВЛАТАНД

ҶАВОНОНИ НАВОВАР ВА ХУДОГОҲ НЕРӮИ БУЗУРГИ ДАВЛАТАНД

21-09-2016, 10:06
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНОНИ НАВОВАР ВА ХУДОГОҲ НЕРӮИ БУЗУРГИ ДАВЛАТАНД


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти нӯҳмоҳаи худро натиҷабардорӣ намуд. Ба ин муносибат имрӯз дар толори Маркази фарҳанги шаҳр бо ширкати ҷавонони фаъоли аъзои ин ниҳоди пурнуфуз ҷаласа доир гардид. Дар кори ҷаласа ҳамчунин раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломов ва роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев иштирок доштанд.
Нахуст мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Фирдавс Саидов аз фаъолияти ҷавонони ҳизбӣ дар давоми 9 моҳ гузориши муфассал дода, нақши онҳоро дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон нек арзёбӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Шӯъбаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти кории худро тибқи Оинномаи ҳизб, иҷроиши дастуру супоришҳо ва қарорҳои Кумиҷроия баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Барономаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 дар самти «Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор» ба роҳ мондааст.
Парвина Абдуманонова, раиси комиссияи кор бо ҷавонони ташкилоти ибтидоии беморхонаи бачагонаи вилоятӣ зимни баромади хеш таъкид дошт, ки имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Дар Барномаи ҲХДТ омадааст, ки тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани Ватан, барпо кардани оилаи усутувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз арзишҳои судманду муҳим ба ҳисоб мераванд. Мо ба ташкили шароити мусоид барои амалӣ гардонидани ана ҳамин арзишҳо бо такмил ва татбиқ намудани барномаҳои сиёсати кадрӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон мусоидат менамоем.
Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар ва барномаи ҳизбӣ имрӯз дар ҳама самтҳои мухталиф ҷавонон нақши бориз доранд.
Музокирачиён– Исматҷон Ҷумаев, раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи ба номи Содирҳон Ҳофиз, Мӯҳсинзода Фариддун, раиси комиссияи кор бо ҷавонони ташкилоти ибтидоии ба номи Раҳим Ҷалил аз дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ сухан карданд.
Наим Маликисломов зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, дар тарғиби ҳаёти солим фаъолона ширкат варзанд, зеро имрӯз бо роҳандозии як идда барномаҳои давлатӣ давлат ва ҳукумати кишвар дар рушди соҳаи варзиш қадами қатъӣ гузоштааст. Имрӯз даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, толорҳои хубу барҳаво барои машқу тамрин сохта шудааст, аммо шумораи дӯстдорони варзиш кам ҳастанд. Дигар аз масъалаҳои ташвишовар, ки имрӯз бешубҳа ба номи ҷавонон доғ меорад, ин шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, ки мутаассифона шумораи онҳо хеле зиёданд. Аксари чунин ҷавонон бинобар ноогоҳ будан аз дину диёнат ва надоштани дониши сиёсӣ имрӯз гумроҳона ба ҳизбу ҳаракатҳо мепайванданд ва ба ҷони ҷавони худ ҷабр менамоянд. Барои мубориза бурдан бо ин қувваҳои иртиҷоӣ бояд ҳар як ҷавон масъул бошад. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳамчунин дар мавриди оиладорӣ, эҳтироми волидон, риояи танзими расму оинҳо ҷавонони мо бояд пешгоми ҳама иқдомҳо бошанд ва ҳамчун намуна бар дигарон бо ташаббусҳои хубу созанда баромад намоянд.
Наим Маликисломов аз аҳли ҳозирин даъват намуд, ки дар мавзӯи «Истиқлолият ва ҷавонон» иншо нависанд ва беҳтаринҳо бо ҷоизаи кумиҷроияи шаҳрӣ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамчунин ташкили курсҳои омодагии роҳбариро раиси кумиҷроия бар фоидаи кор дониста, қайд кард, ки минбаъ дар назди кумиҷроия курси омодагии роҳбарӣ ташкил карда мешавад. Ба ҷавонон беҳтарин устодони мактабҳои олии вилоят маҳорати суханварӣ, сиёсатшиносиву ҷомеашиносиро меомӯзонанд.
Ин иқдоми раиси кумиҷроия аз ҷониби ҷавонон хуш пазируфта шуд.
Фирдавс Ҳоҷиев фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуда, он ташаббусҳоеро, ки ҷавонони шаҳр дар арафаи интихобот ва раъйпурсии умумихалқӣ доир намуданд, шоистаи дастгирӣ унвон кард. Номбурда дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки мо дар назди аъзоёни ташкилоти худ иҷроиши 7 самти фаъолиятро тақозо дорем, ки он фарогирии тамоми соҳаҳои ҳочагии халқ мебошад. Ҳоло корҳои бузургу созанда дар пеш аст ва мо ба ҷавонони шаҳри Хуҷанд бештар такя хоҳем кард, зеро қисми аъзами ҷавонони вилоят маҳз дар Хуҷандшаҳр таҳсил ва зиндагӣ доранд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа ҳозирин раиси нави ташкилоти ҷамиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва муовинони ӯро дар шаҳри Хуҷанд интихоб карданд. Бо овоздиҳии аксарият Фирдавс Саидов раис ва Исматҷон Ҷумаев, Мӯҳсинзода Фариддун, Парвина Абдуманонова муовинони ӯ интихоб гардиданд. Раиси кумиҷроия ва роҳбари «Созандагони Ватан» дар вилоят дар назди раис ва муовинони тозаинтихоб вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо додани шаҳодатномаи ҳизбӣ ба чанде аз аъзои нав ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: