Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БАРОИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ ХАЛҚ ҲАМА МАСЪУЛЕМ

БАРОИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ ХАЛҚ ҲАМА МАСЪУЛЕМ

21-02-2017, 08:54
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
БАРОИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ ХАЛҚ ҲАМА МАСЪУЛЕМАндешаҳо дар ҳошияи мақолаи муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода - «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!»
25 соли давлати навини тоҷикон манзури таърих гардид. Дар Паёми ба тозагӣ ба ҷомеа пешниҳодгаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин марҳилаи рушди инкишофи ҷомеа баҳои муфассал дода шуда, таъкид гардид, ки дар ин давра таҳкурсии боэътимоди бунёди давлати соҳибистиқлол гузошта шуд, харобиҳои даҳшатовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо азму иродаи халқ ва роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи давлат ва ҳукумат бартараф гардиданд. Барномаи барқарорсозии хоҷагии халқ бо муваффақият амалӣ гардонида шуда, рушди минбаъдаи ҷомеа ва дар заминаи он таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ ба рӯзнома гузошта шуд. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ хеле боло рафтанд. Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки рушди иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ таъмин гардид. Таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатӣ исботи равшани дуруст будани роҳи интихобшударо намоиш дод ва ҷамъбасти мантиқии ин марҳала буд. Маҳз дар ҳамин давра кишвар чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, пешниҳод ва ташаббусҳои давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Пешвои миллат боифтихор арз намуданд, ки «Давлати мо дар қатори давлатҳои абарқудрат дар Созмони Милали Муттаҳид як овоз дорад». Ҳар кас бо чашми бино ва ақли солим медонад, ки ин давра пур аз тазодҳо буд, дар баробари сурури истиқлолият барои халқи мо мушкилиҳо пеш омад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо чун мудҳиштарин воқеаи таърих ҳатто мавҷудияти давлатдорӣ ва худи миллатро зери хатар гузошт. Бо вуҷуди нобасомониҳою носозгориҳо, иғвою дасисаҳо миллати мо тавонист устувор бимонад, муттаҳид гардад ва имрӯз чун миллати бофарҳанг, ки сулҳдӯстию инсонпарварӣ рисолати азалияш будааст, ном барорад. Марҳилаҳои муҳими истиқлолият, ташаккули давлатдорӣ раванди сулҳ ва ваҳдати минбаъдаи миллатро маънидод намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Сарфи назар аз он ки имрӯз ҷомеаи мо роҳи демократии пешрафтро интихоб намудааст ва одамон ба озодандешию ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳояшон талош варзида, эътиқодоти мухталиф ва равияҳои гуногуни сиёсиро пайравӣ мекунанд, вале ғояи маънавию мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ободии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад». Ана ҳамин ҳақикат хасмро ором намегузорад. Ҷудоӣ андохтан ба ҷомеа, иғвою дасисаҳои нав ба навро эҷод менамояд. Дар ин ҷода дини мубини Исломро ба мақсадҳои худ тобеъ карданӣ мешавад. Мутаассифона, ҳофизаи инсонҳо кӯтоҳ асту аз ана ҳамин хислат ҳариф аксаран истифода мебарад. Қисме аз аҳли ҷомеа аллакай фаромӯш кардаанд солҳои аввали 90-ӯмро, он рӯзҳоеро, ки як ҷониб зери нидои «Оллоҳу акбар» дар ҷомеа тухми адоват мекоштанд, боиси хунрезӣ гардида, инсонҳои бегуноҳро ба қатл расониданд, Дар ин маврид Ислом айбе надошт, ҳама айб дар «мусалмонӣ»-и ана ҳамин тоифа буд. Ба онҳо фоҷиаи вақт сабақ нашуд ва имрӯз боз аз авомфиребиву макр истифода намуда ба пояҳои давлатдории мо теша заданӣ мешаванд. Одати худро тарк накарда ин доираҳо ба сари Ватан ва халқи худ ин қадар бори маломат ва дурӯғ бор мекунанд, тӯҳмат мезананд. Руҳия ва муносибати мардуми ошною ноошноро бо фишору тазйиқ овардан дигар карданӣ мешаванд. Нотавонбинон кулли дастоварду муваффақияти халқи шарафмандамонро нодида мегиранд. Адолатпешагии сиёсати давлатро зери шубҳа мегузорад. Кор то ба он дараҷа расидааст, ки Ҳукумати Тоҷикистонро, ки алайњи гурўњњои радикалии љанговар мубориза мебарад, дар помол шудани њуќуќи инсон айбдор менамоянд. Дар чунин вазъият ҳушёрии ҷомеа, муттаҳидии қувваҳои ватандӯсту инсонпарвар талаб карда мешавад ва мақолаи муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода - «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ» ба ташвиқу тарғиби ҳамин матолиб хизмат мекунад. Дар зери ҳар як калимаи ин таълифот бе дудилагї имзои якдилӣ гузоштан лозим аст. Зеро дар он таваҷҷӯҳи ҷомеа ба воқеияти ташвишовари ҷаҳон, хосатан сиёсишавии ислом ва оқибатҳои эҳтимолию нигаронкунандаи он барои кишвари мо ҷалб мегардад. Бӯҳронҳои пайвастаи фоҷиабори сиёсиву иқтисодӣ ва молиявӣ, чангҳои минтақавии одамкуш, дахолати абарқудратҳо ба корҳои дохилии давлатҳои дигар ба андешаи Пешвои миллат аз омилҳои хатарзое мебошанд, ки зиндагии осуда, мароми созандагию бунёдкоронаи моро халалдор сохта метавонанд. Дар муқобили он тибқи дастурҳои Сарвари давлатамон бояд ваҳдат ва ягонагии халқ, дастгирии сиёсати сулҳҷӯёнаю инсонпарваронаи давлатро гузоштан лозим аст. Мушкилоти гузаштаи халқу миллатамон аз талошу муборизаҳо баҳри мавҷудият, озодӣ, адолат, ҳақшиносӣ ва худшиносӣ буд. Муборизаҳо гоҳо шадиду хунин сурат мегирифтанд. Дар ин муборизаҳо хуни мубораки фарзанди тоҷик бисёр рехтааст. Имрӯз аз он таърих огоҳ будан ба хотири роҳ надодан ба фоҷиаҳои нав басо муҳим мебошад. Дар ин маврид бори дигар ба андешаи Сарвари давлат бармегардем, ки фармудаанд: «Худро шинохтӣ, дигаронро мешиносӣ, ҷаҳонро мешиносӣ, ҳақро мешиносӣ – таъкид кардаанд гузаштагононамон. Худшиносӣ дар тамоми таълимоти бузургонамон маънои фардии маҳдудро не, моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне хештаншиносӣ дар маҷҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯиро дорад». Чун хулосаи гуфтаҳои болоӣ ба маврид аст таъкид намоем, ки вазъият масъулияти ҳар яки моро дар мавриди таҳким бахшидани асосҳои давлати соҳибистиқлоламон ҳамчун кафили оромию амният ва пешравии ҷомеа, таъмини муттаҳидии аҳли ҷомеа ба хотири шукуфоии мамлакат ва баробарии аъзои ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои ҳар як фарду муҳайё намудани шароит барои зиндагии шоиста барои ҳамагон, таҳаммул ва андеша дар муносибат бо дигарон, садоқат ба зодаи инсон, таълим ва тарбияи созгори насли наврас, меҳнати шарафмандона ва ғайраҳоро тақозо менамояд.
Абдуҳаким Шарипов –Раиси шӯрои собиқадорони
ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти ДДҲБСТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: