Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Истиқлолият ин ватандорист

Истиқлолият ин ватандорист

8-09-2016, 10:21
Хабарро хонданд: 660 нафар
Назарҳо: 0
Саидмурод Фаттоҳзода,
Муовини якуми Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа




Истиқлолият ин ватандорист

Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ
ва ватандории миллати сарбаланду
соҳибфарҳанги тоҷик аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат сарфи назар аз мушкилоту буҳрони сиёсию иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошт. Ҳамаи комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати дастгирии содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омаданд.

Тоҷикон аз ҷумлаи он миллатҳое ҳастанд, ки Ватану марзу буми худро хеле дӯст медоранд ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунанд. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошаду онро ҳифзу ҳимоя карда тавонад.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хи¬ради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяс¬сар гардид.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ҳамзамон ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ ба танзим оварда шуд. Қабули як силсила қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

Вале ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуд ва аз тарафи дигар бо норасоии ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷум¬ҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русзабон низ сабаби аз кор мондани як қисми корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд. Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки дар асоси он роҳи иқтисодиёти бозор¬гонӣ интихоб гардид.

Ҳангоми тартиб додани барномаҳои ислоҳотӣ таҷрибаи бай¬нал¬халқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқти¬со¬диёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд. Бояд тазаккур дод, ки оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳоло ҳам ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонида истодааст. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат барномаҳои махсус қабул мекунад. Бо ёрии инвеститсияҳои хориҷӣ ва бо кӯмаки соҳибкорони дохилӣ саноат барқарор мешавад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Захираҳои зиёди меҳнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, метавонад сатҳи иқтисодиётро баланд бардорад. Барои ин сеху коргоҳҳои нав сохта шуда истодаанд. Дар роҳи ҳалли масъала¬ҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бо фар¬мони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал 50 ҳазор, баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда дода шуд. Чунин тадбир натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ акнун аз кишварҳои хориҷӣ ба миқдори хеле кам ғалла ¬харидорӣ карда, бозори дохили мамлакатро бо мева ва сабзавоти худӣ таъмин карда истодааст. Ҳадафи аслӣ аз он иборат аст, ки чуноне Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ дар Паёми солонаи хеш таъкид намуданд, бояд кишварро аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрию саноатӣ табдил диҳем.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: хусусӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ тавонист, ки пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амвол ва бозори пулиро ташкил диҳад. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-ҳои Сангтӯда 1-2, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон, роҳҳои мошингарди Кулма – Қароқурум, Душанбе-Чанок, нақбҳои Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар ва дигар иншоотҳои муҳими таъйиноти истеҳсолию фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ шуруъ гардида, аксарияти онҳо ба истифода дода шуданд.

Мусаллам аст, ки бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайри имкон аст. Аз ин лиҳоз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор мактабу синфхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Теъдоди литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо сол то сол меафзоянд. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо оид ба соҳаҳои гуногуни илмӣ чоп мешаванд. Шабакаҳои нави телеви¬зионии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар онҳо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, тарбиявӣ ва ғайра нишон дода мешаванд, ки ин ҳама бо шарофати соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Дар ҳақиқат вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро алҳол беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Кишвари мо узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои зиёди байналхалқӣ гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд. Ин воқеият яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дар солҳои истиқлолияти комил барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки шевою шоирона ва ширину гуворо мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем. Забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд, омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни ҷаҳони муосир мебошад. Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю техноло¬гияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотию техникиро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, хеле осон менамояд.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Мо бояд аз он шукргузорӣ намоем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона гар¬дида¬аст.

Акнун танҳо тавассути якдилию муттаҳидӣ ва меҳнати пурмаҳсул мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кар¬дан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азиз масъулияти бузург дорад ва ҳар як ватандорро вази¬фадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худ¬ши¬носиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намояд. Ҳамзамон барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқти¬дори демократӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузур¬ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Имрӯз ҳар як соҳибватанро лозим аст, ки тибқи гуфтаҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдати саросариро таҳким бахшад ва диёри биҳиштосоямонро боз ҳам гуворою зебо гардонад. Ҳамагӣ дар ҷараён будем, ки Ҷаноби Олӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ нахустсухани худро аз сулҳу оромии кишвар оғоз намуд. Ӯ тавонист, ки кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад. Роҳи мо ба сӯи сулҳу субот тахту ҳамвор набуд. Ин ҷо хиради фитрии миллати тоҷик бар ҷаҳлу торикӣ ғолиб омада, дасти ҳам гирифтани мо мӯҷиби наҷоти миллат ва бақои давлатамон гардид. Ҳамин тариқ, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шуруъ гардид.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шуруъ гардид. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд.

Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ҷомеаи мо ба марҳилаи нави рушди худ қадам бардошт, ки он бо номи давраи созандагию бунёдкорӣ ёд мешавад. Яъне, Тоҷикистон марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем. Дар ин давра барои аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёфтан барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои хуб ба бор оварданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар тамоми ин давра дар баробари бунёди иншооти муҳим, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хоса қишри камбизоати он ҳамеша дар мадди назари давлат ва ҳукумат қарор дошт. Қабули ҳуҷҷати муҳими давлатӣ оид ба Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи фарогири он имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо давраҳои аввали истиқлолият хеле беҳтар гардад.

Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем, арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки дар замони шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем. Бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат, тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем. Чандин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти мо дар соҳаи обу амнияти минтақа ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуданд. Иди миллии мо-Наврӯзи Аҷам мақоми байналхалқӣ гирифт.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо гуногунандешиву озодбаёнӣ вусъат пайдо намуд. Аҳзоби мухталифи сиёсӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бо истифода аз имкониятҳои баёни озодонаи ақидаву назарҳо мардум масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоиро дар миён мегузоштанд. Зеро, ки дар замони шӯравӣ воқеан ҳам ба арҷгузории арзишҳои миллӣ маҳдудиятҳое мавҷуд буданд.

Баъди қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили байналхалқӣ эътироф шуд. Дар ин маврид Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қарори махсус интишор дод. Ҳамзамон ба Сарқонуни ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид. Ва ин рӯз, яъне 9 сентябри соли 1991-ро ҳар сол бо шукӯҳу ҷалол ҷашн мегирем. Чанде қабл бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ин санади тақдирсози миллат хеле такмил ёфт, ки минбаъд барои мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории мо мусоидат менамояд. Ин санад барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаҳои миллӣ боиси ифтихору сарбаландӣ гардид. Зеро ки ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона пеш мебарад».

Иқдоми дигари инсондӯстонаи Сарвари давлат дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ аз он иборат аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагони МО ҶТ пешниҳод кард ва он ба таърихи 24 августи соли 2016 аз ҷониби кулли вакилони парлумон дастгирӣ ёфт. Дар заминаи татбиқи санади мазкур тақрибан 12 ҳазор маҳбус пурра ё қисман авф мешавад.
Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлати мо дар мавриди музокироти сулҳ, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, баргардондани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, бунёди артишу дигар сохторҳои қудративу интизомӣ, оғоз намудани ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои ҳамаи шаҳру навоҳию вилоёт, халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озуқа ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин кардани мардум эътимоду бовариро ба амнияти ҷомеа ва фардои орому осуда қавӣ гардонд.

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо имсол 25-сола мешавад. Бояд гуфт, ки Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рӯзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонда шавад. Моҳияти истиқлолият ин аст, ки қадру қимати ҳар шаҳрванд ба талаботи меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонда шуда, зиндагии шоистаи сокинони мамлакат таъмин гардад.

Дар баробари ин Истиқлолият дар назди шаҳрвандон масъулияти нигаҳбонии давлат, дарки эҳсоси соҳиби комилҳуқуқи он будан ва дар амри пешбурди давлатдорӣ саҳми шоиста гузоштан ҳам мебошад. Дар тӯли солҳои истиқлолият сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ба маротиб боло рафт.

Мо зина ба зина ба он муваффақ гаштем, ки меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳуриамон хеле амиқу устувор гарданд. Гуногунандешию озодии баён таъмин гардид. Васоити ахбори оммаи мустақил фаъолияти худро хеле фарогир сохт. Дар ҷумҳурӣ алҳол 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки аксари кулли онҳо дар парлумони мамлакат намояндагони худро доранд. Аҳзоби сиёсӣ бо барномаҳои мушаххаси худ дар байни омма кор бурда, барои нуфузи бештар пайдо кардан талош меварзанд. Дар миёни онҳо барои ноил гаштан ба ҳадафҳои худ муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар асоси қонун фаъолиятҳои худро пеш мебаранд. Ҳатто Президенти кишвар пеш аз маъракаи интихоботӣ эълон карданд, ки Барномаи ҳизби ғолиб ба ҳайси Барномаи ҳукуматӣ ҷиҳати амалӣ гардондан пазируфта мешавад. Дар баробари ин ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Барномаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ омӯхта шуда, нуктаҳои муҳими онҳо барои амалӣ намудан ба инобат гирифта мешаванд. Ғайр аз ин таклифу пешниҳодҳои ҳамаи аҳзоб ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз тариқи Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ дастрас шуда, ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҳизби зери сарварии Пешвои муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миёни мардум маҳбубият ва обрӯю эътибори калон дорад, дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона кор бурда, пайваста ба пирӯзӣ мерасад. Бо ҳамин васила ҲХДТ аксарияти курсиҳои парлумониро соҳиб гашта, дар парлумон фраксияи қавие созмон медиҳад, ки аксарияти лоиҳаҳои қонунҳо дар таҳия ва таҳрири аъзои он ба тасвиб мерасанд. Андешаи миллии ҳизби мо вобаста ба вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии марзу бум ташаккул меёбад, ки имрӯз ҳам ин ғоя дар ҷомеа мақому манзалат дорад.
Дар ёд дорам, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр мехостанд, ки ваъдаҳои дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ додаашро ҳамвора амалӣ гардонад. Яке аз нақшаҳои стратегии Ҷаноби Олӣ эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳсуб меёфт. Бинобар ин аз рӯзҳои аввали сарвариашон ташкили аҳзоби сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекард. Бевосита супориш медоданд, ки ҳар як падидаи демократиро ба шумули таъсиси ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, ки барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузоранд, сабти ном намоянд ва барои фаъолияти пурвусъати онҳо шароити мусоид фароҳам биёранд.

Ҳизби Халқии Демократӣ дар ҳоли ҳозир заминаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дорад. Дар давоми беш аз 20 сол он ба як нерӯи сиёсии мустаҳкаму фарогире табдил ёфт. Дар давоми ин солҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири қобили мулоҳизае гузошта, дар комёбиҳои солҳои истиқлолияти мамлакат саҳми арзадаи худро гузошта истодааст. Ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст. Ҳадафи аслии он бароварда сохтани ормонҳои мардум мебошад. Манфиатҳои Ватану миллатро ба мақоми аввал бароварда, дар байни халқ бо ин васила маҳбубияти бендоза касб намудааст. Дар баробари манфиатҳои ҳизбӣ ҳамзамон ҷомеаро ба сӯи арзишҳои умумибашарию умумимиллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо ҳизбу ҳаракатҳои ба таври қонунӣ фаъолиятдошта ба роҳ монда, дар амри хайри бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф ва илму варзиш муштаракан иқдом менамоянд. Ҳизби мо мутобиқи барномаҳои иқтисодии ҳукумат барои рушди соҳибкорӣ ва кишоварзӣ пайваста мусоидат менамояд. Аз тариқи вохӯрию мулоқотҳо бо мардум, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз розу ниёзи халқ, мушкилоту проблемаҳои халқ огоҳ шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо талош меварзад.

Барои ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мубориза ба муқобили ҷараёнҳои ифротӣ бо пешниҳоди Пешвои муаззами ҳизбамон Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Созандагони Ватан» созмон дода шуд. Сохторҳои ин ташкилоти ҷамъиятӣ метавонанд, тарзи ҳаёти солим, аз ҳисоби ҷавонон пурра сохтани сафҳои ҳизб, дар байни толибилмон ва ҷавононе, ки дар соҳибкорию тиҷорату истеҳсолот машғулият доранд, ғояҳои созандаи ҳизбро интишор бидиҳанд.

Ҳадафҳои дигари муҳими ҲХДТ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бо ҷои кори муносиб таъмин намудани мардум, муборизаи муассир бар зидди коррупсия, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Мо ба ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити иҷтимоӣ, тартиботи ҷамъиятӣ эътибор дода, барои татбиқи муваффақонаи барномаҳои бахшҳои мазкур саҳми муносиб мегузорем. Зеро, ки раванди демократисозии ҷомеа ва сохтмони давлати пешрафтаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш аз ҳама ба натиҷаҳои фаъолияти ҳамин соҳаҳо иртибот мегирад.

Бевосита бо мардум кор карда, хусусан бо аҳли зиё, соҳибкорону тоҷирон, кормандони соҳаҳои илму тандурустӣ такя намуда, комёбиҳоямонро афзун менамоем ва дар ҷомеа нуфузи бештар пайдо мекунем. Мо ҳизбе ҳастем, ки бо ҳукумат наздикем ва аз ин рӯ имконияти амалӣ гардидани ниёзҳои мардумро ҳам бештар дорем. Дар ин маврид халқ огаҳии комил дорад ва ба он мепайванданду дастгириаш мекунанд.

ҲХДТ дар тӯли солҳои фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирӯзиҳои зиёдеро дидааст. Имрӯз он зери сарварии Президенти кишвар муҳтарам Э. Раҳмон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст. Дар сафҳои он қариб 450 ҳазор нафар аъзо муттаҳид гаштааст. Ин нерӯи қудратманд боз садҳо ҳазор нафар ҷонибдор дорад. Ҳамин аст, ки дар интихоботҳо аксарияти кулли овозҳоро соҳиб мешавем. Бо ин қувваи бузург мо метавонем дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳо ноил гардем ва миллати тоҷикро сарбаланду хушбахт гардонем.

Хулоса, ҲХДТ мудом бо мардум асту дар фикру андеша ва ғаму шодии онҳо мебошад. Зеро ки ба таъкиди Раиси муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».

Сохтори нави давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ҳамзамон мафкураи сиёсии аъзои ҳизбро ба маротиб боло бурда, имкон дод, ки мо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани худро дарку эҳсос намоем. Бинобар ин ҳизби мо на танҳо ба ҳаллу фасли мушкилоту проблемаҳо ва наёзмандиҳои мардуми кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳад, балки талош меварзад, ки тибқи талаботи меъёрҳои демократияи ҷаҳонӣ фаъолият карда, арзишҳои худро ба арзишҳои асили башарӣ мувофиқ гардонад.

Ҳизби мо дар қатори аҳзобу созмонҳои дигар яке аз аввалинҳо шуда, ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон имзо гузошт. Бо ин васила муштаракан бо аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар муҳокимаи масъалаҳои доғи ҷумҳурӣ фаъолона саҳм мегузорад. Ин амр аз он дарак медиҳад, ки ҳизби мо ба озодии баён ва гуногунандешии сиёсӣ арҷ мегузорад, назари тарафи муқобилро гӯш мекунад ва онро эҳтиром менамояд.
Сарвари муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои аввали таъсиси он иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани он нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талош варзад. Барои анҷоми чунин рисолати пурифтихор ҳар як аъзои ҳизб масъулият дорад ва дар навбати худ вазифадор аст, ки мардумро барои чунин амри хайру созанда ташвиқу сафарбар намояд.

Дар ниҳоят бояд қайд намуд, ки Истиқлолият вожаи воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Мо бояд ҳушёр ва огоҳ бошему истиқлолияти хешро арҷгузорӣ ва ҳифз намоем. Ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем. Тоҷикистон имрӯз ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором дорад.

Ҳар кадом шаҳрванди Тоҷикистонро лозим аст, ки дар заминаи ҳамин ифтихори миллӣ ин ҷашни муқаддасро бо синаи пур аз меҳр ва дили саршор аз фараҳ тавре истиқбол намоем, ки манзили мо, хиёбону гулгаштҳои Ватани азизамон аз вуруди мубораки он шукуҳу шаҳомати тоза пайдо намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: