Мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар демократикунонии ҳаёти иҷтимою сиёсии Тоҷикистон31-08-2016, 10:43
Хабарро хонданд: 1030 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ шомил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлоли дунявӣ ва ҳуқуқбунёду демократӣ, бо иқдомҳои шоиста нақши муассир гузошта истодааст. Ҳоло, дар доираи муқаррароти демократӣ вобаста ба тафаккури озодандешиву озодбаёнӣ дар ҷумҳурии мо ҳафт ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳамчун инъикосгари зуҳуроти озодии инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои он дар ҷомеа дониста мешаванд, вобаста ба нақш ва манзалати худ дар миёни мардум маҳбубият пайдо кардаанд ва барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон мубориза мебаранд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ , яке аз омилҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин буда, дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва манзалати махсусро соҳиб гаштаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ саҳиби қадру манзалати нерӯи созанда, ваҳдатофар ва ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш барои зиндагии ободу осудаи мардум, талош намудааст. Ин мазмунро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронӣ ва баромадҳои худ таъкид кардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам дониста мешавад, дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пеш истодааш ҳамеша саъй мекунад ва зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ҳисса мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда ба шумор мераванд. Сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст. Ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад. Дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд. Ба ҳизб бештар ҷалб намудани занону духтарони соҳибмаърифатро, ки идомабахши насли ояндаи миллат ҳастанд ва ҳамчун тарбиятгару раҳнамоӣ фарзандандон дониста мешаванд, ҳизб яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Боиси ифтихор аст, ки шумораи занони ба ҳизб шомил шуда,тақрибан ба 110747 нафар расид, ки нисбат ба панҷсоли пешин 136, 8 фоиз зиёд аст. Дар панҷ соли сипарӣ шуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба он муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид созад. Мақсад дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, инчунин бахши хусусӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи заҳматкашон ноил гардад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳамияти аввалиндараҷа касб намуда, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меояд. Ба ҳапмагон маълум аст, ки имрӯз баъзе манотиқи оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир гаштаанд. Бахусус, ҷангҳои шахрвандӣ дар мамлакатҳои исломӣ ба монандӣ- Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ғайра характери мазҳабӣ доранд. Мутаассифона, таъсири онҳо ба ҷомеаи муосири мо низ расида истодааст. Маҳз, бо таъсири мазҳаб гуруҳе аз ҷавонписарони мо дар ин гирдобҳои ҳалокатовар иштирок доранд, ки ин ба бунёди ҷомеаи навини мо хатари ҷиддиеро эҷод мекунад. Ба назари банда, барои аз ин варта баромадан дар шароити имрӯза аз ҳама муҳим, таҳрик додани ҷомеа ба самти илму маърифат аст. Илму хирад ба сифати василаи низоми зиндагии иҷтимоӣ дар таҳкими андеша, ҷаҳонбинӣ, сулҳу субот ва тафоҳуми сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии инсонҳо нақши мубрам дорад. Маҳз маърифати баланд доштани инсон метавонад одамиро дар ҳама мавридҳо ба роҳи рост барад ва зиндагиномаашро рангин созад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо тамоми донишу малака ва қуввату ғайрати доштаамонро баҳри бино намудани ҷомеаи солиму тавоно равон созем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад. Дар масъалаи муносибат ба дин ва озодии виҷдон бошад Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати худро бар асли дунявият, эҳтироми муқаддасоти динӣ, ҳамкориҳои созанда бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда, ба хотири ҳифзи анъанаҳои мазҳабӣ, суннати таҳаммулгароӣ, мероси фарҳангии динҳо, озодандешии таърихии миллӣ ва муколамаи ғояҳо саъю талош мекунад. Сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ мебошад. Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми аҳзоби сиёсии дар мамлакат фаъолият дошта, баҳри решакан намудани ин амалӣ харобиовар тамоми донишу малака ва қуввату ғайрати доштаашонро баҳри бино намудани ҷомеаи солиму тавоно равона созем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад. Тағоймурод Орифӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.