Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муфтии Босния баъди таҳдидҳои ДИ кумак мехоҳад

Муфтии Босния баъди таҳдидҳои ДИ кумак мехоҳад

25-02-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Муфтии Босния баъди таҳдидҳои ДИ кумак мехоҳад
Роҳбари мусалмонҳои Босния Ҳусейн Кавазович баъди дарёфти таҳдидҳои узви "Давлати исломӣ", аз мақомоти кишвараш хост, то ӯро муҳофизат кунанд.

"Ман умедворам, ки мақомоти давлатӣ ба ин таҳдидҳоро ҷиддӣ мегиранд", - омадааст дар изҳороти дастгоҳи Кавазович.

Муроҷиати идораи муфтиёт баъди нашри таҳдидҳои фарде зери парчами ДИ дар матбуоти Босния, паҳн гардид. Ин фард таҳдид мекунад, ки "гулӯ"-и Кавазовичро хоҳад бурид. Телевизиони ҷамятии FTV мегӯяд, дар навори видеоӣ Амир Селимович, мусалмони Босния, ки соли 2014 ба сафи ДИ пайвастааст, суханронӣ мекунад.

Вазири амнияти Босния Драган Мектич ин таҳдидро "ҷиддӣ" унвон кард ва ваъда дод, ки давлат барои ҳифзи Кавазович "чораҳои иловагии амниятӣ" хоҳад андешид.

Баъди ҳамлаҳои Порис, ки 130 қурбонӣ ба ҷой гузошт, Кавазович чандин бор экстремизми исломӣ ва тундгароии мусалмонҳои Боснияро маҳкум кард. Дар айни ҳол 40 дарсади аҳолии Боснияро мусалмонҳо ташкил медиҳанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, аз 200 шаҳрванди кишвар, ки ба гуруҳҳои тундгаро дар Сурияву Ироқ пайвастаанд, 50 нафар баргашта, ҳадди ақал 26 босниягӣ кушта шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: