СММ захираи охирини кумакҳои башардӯстонаро дар Ҳалаб тақсим мекунад11-11-2016, 15:59
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Ян Эгеланд, муовини дабири кулли СММ дар умури масоили башардӯстона гуфтааст, ки маъмурони созмон захираҳои охирини маводи ғизоиро дар Ҳалаби Сурия тақсим мекунанд. Вай рӯзи панҷшанбе дар Женева изҳори умед кардааст, ки ҷонибҳои даргир "танафуси башардӯстона" эълон хоҳанд кард, то тавонанд аз гуруснагии дастаҷамъӣ дар Ҳалаб пешгирӣ кунанд. СММ чанде қабл ба ҷонибҳои даргири Сурия нақшаи марҳалаи 4-уми таъмини сокинони Ҳалабро бо кумаки башардӯстона пешниҳод карда буд. Дар ҳамин ҳол, Башор Асад, президенти Сурия гуфта, ки омодааст бо Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА ҳамкорӣ кунад. Ба навиштаи нашрияи бритониёии Independent, дар ин бора Бутайн Шаабан, мушовири Асад зимни суҳбат бо Радиои умумимиллии Амрико иттилоъ додааст. Доналд Трамп дар маъракаҳои интихоботияш гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дахолати Амрикоро дар низои кишварҳои хориҷӣ коҳиш хоҳад дод. Вай даст кашидан аз ҳимояти шӯришгаронро дар Ҳалаб зарур хонда, гуфт, ҳарчанд Башор Асад "шарики хуб" нест, вале таҳкими режими ӯ зидди рушди терроризм дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад буд. Тайи 6 соли даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия беш аз 400 ҳазор одам кушта шудааст. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.