Таҷҳизоти муосир ба маблағи 12 млн. доллар барои ҳифзи сарҳад23-08-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Таҷҳизоти муосир ба маблағи 12 млн. доллар барои ҳифзи сарҳад
18 август аз ҷониби сафорати ИМА дар қисми ҳарбии №09-19-и Вазорати мудофиаи ҶТ маросими супурдани таҷҳизоти алоқа ва воситаҳои нақлиёти муосир ба Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард , Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, Фармондеҳи Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ ва мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва автомашинаҳои «J8 Jeep Wranglers» бо арзиши 3 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар ба Қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дода мешавад, бозгў аз равобити дўстона ва тарафайн манфиатовар, алалхусус дар самти соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ аст, ки инак зиёда аз 10 соли ахир мунтазам дар ҳоли рушд ҳастанд. Чуноне қайд гардид, воситаи техникии мазкур аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шудааст. CENTCOM радиостансияҳои «Motorolа» бо нармафзори шабакавии «TURBO», ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷо ба ҷои дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди RF-7800W бо технологияи Ethernet ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 км ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзорро бо 50 адад автомашинаи тамғаи J8 Jeep Wranglers-ро ба намояндагони ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон тақдим намуд. Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти коммуникатсионии мазкур барпои таҳкими зарфияти Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ошкор, мусодира ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути сарҳадоти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Хонум Элизабет Миллард дар суханронии хеш зикр намуд, ки тақдими таҷҳизоти мазкур гувоҳӣ аз дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар хатарҳои муосир мебошад.-Афғонистон бо ҳама мушкилоташ ба ҳама ҳамсояҳои хеш таъсири манфӣ мерасонад, азҷумла Тоҷикистон низ истисно нест ва ИМА ҳамеша ба кишвари шумо ҷиҳати ҳифзи сарҳадот ва пешгирӣ аз хатарҳои муосир кумак мерасонад, ки нишондиҳандаи равобити ҳасана дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мебошад,- қайд намуд сафири ИМА. Воқеоти ахири Ховари Наздик ва хусусан минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ҷиддӣ будани хатарҳои муосирро нишон медиҳанд ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти амният ва мудофиа бо кишварҳои дўст тақозои замон аст. Муштаракот ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА дар ин самт нишондоди сиёсати дурусти хориҷии кишвари мо аст, ки дар хати пеши муқовимат бо хатароти муосир қарор дорад. Аз соли 2006 то ин замон дар чорчўби барномаи CENTCOM оид ба мубориза бо маводи мухаддир барои бунёд намудан ва мукаммалгардонии қувваҳои худтаъминкунанда, фаъол ва самарабахш дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон маблағи беш аз 151 миллион доллар ҷудо гардидааст. Азамат Дўстов
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.