Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ бо омӯзгорони ҷавон

Вохӯрӣ бо омӯзгорони ҷавон

8-02-2017, 15:56
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва бо дастгирии раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии омӯзгорони ҷавон бо намояндагони мақомоти шаҳр, аз ҷумла муовини раиси шаҳр Ф. Хоҷазода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р.Раҳматзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Х.Тураев ва раиси ҷамоати деҳоти Гулистон В.Сангимуродов тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бахшида ба «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Чорабиниро сардори раёсати маориф Х.Тураев ифтитоҳ намуд. Зимни суханронӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р.Раҳматзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои инфротӣ, истифодаи сарфакоронаи барқ, кабудизоргардонии диёр ҷалб намуд.
Баъдан ғолибони озмуни пешниҳод намудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат оид ба «Муаллими сол- 2016» ҷоизаҳо тақдим гардид. Омӯзгори МТМУ №10 Идибек Мирзораҳимов ба унвони «Муаллими сол» ва мураббияи ширхоргоҳ – кӯдакистони №9 Ҷаҳонгул Қулова «Мураббии сол- 2016» эълон гардида, бо мукофотпулии таъсисдодаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонда шуданд. Мукофотҳоро муовини раиси шаҳр Ф. Хоҷазода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р. Раҳматзода тақдим намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: